Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳ додраси оянда дар Тоҷикистон аз "диктант" баҳои 2 гирифтаанд


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Даҳ довталаб барои додрас (судя) шудан дар додгоҳҳои Тоҷикистон аз санҷиши имло ё “диктант” баҳои ду гирифтаанд.

Санҷиш дар миёни 143 нафаре гузаронда шудааст, ки хоҳони гирифтани вазифаи "коромӯз-судя" ҳастанд.

Натиҷаи санҷишро торнамои Додгоҳи олӣ ва Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон рӯзи 14-уми декабри соли 2023 нашр карданд. Маълумот дертар дар сомонаи Додгоҳи олӣ дастнорас шуд.

Дар санҷиши имло ё "диктант" асосан онҳое иштирок кардаанд, ки дар додгоҳҳо ба ҳайси котиб, ёвар ва ё иҷрогар кор карданӣ ҳастанд.

Аз миёни даҳ нафаре, ки аз “диктант” баҳои 2 гирифтаанд,

  • чор нафар довталаби мақоми котиби додгоҳ,
  • се нафар иҷрогари қарои додгоҳ,
  • як нафар сардори шуъбаи коргузорӣ,
  • як нафар ёвари додраси Додгоҳи олӣ ва
  • як нафар ёвари муовини раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ мебошанд.

Маълум нест, санҷиш кай ва аз тарафи кадом ниҳод гирифта шуда.

Бори аввал нест, ки довталабони кор дар низоми додгоҳӣ дар Тоҷикистон аз “диктант” баҳои 2 мегиранд. Соли 2016 дар як санҷиши имло аз 67 довталаби вазифаҳо дар сохторҳои додгоҳӣ, 27 нафар баҳои ду гирифта буданд.

Масъулони Шӯрои адлия (ниҳоде, ки ҳоло барҳам хӯрдааст) он вақт гуфта буданд, онҳое, ки аз озмуни имло ё диктант нагузаштанд, аз ҳаққи идомаи ширкат дар озмуни дарёфти ҷойи кор маҳрум мешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG