Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 189 кас дар Туркия ба гумони пайравӣ аз ДОИШ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазири корҳои дохилии Туркия гуфт, рӯзи 30-юми декабр 189 нафарро ба гумони иртибот бо гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ дастгир карданд.

Алӣ Йерликая дар шабакаи иҷтимоии "X" (Твиттери собиқ) навишт, ки амалиёт дар 37 минтақаи Туркия сурат гирифт.

Аз ин пеш, рӯзи 29-уми декабр, нерӯҳои амниятии Туркия 32 нафарро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ДОИШ боздошт карданд.

Як мансабдори амниятии Туркия ба хабаргузории "Франс-Пресс" гуфта буд, ки гумонбарон мехостанд ба калисоҳо, каниса ё ибодатгоҳи яҳудиён ва сафорати Ироқ ҳамла кунанд.

Мақомоти Туркия дар моҳҳои охир ва бахусус пас аз таркиш дар моҳи октябри соли 2023 дар Анкара амалиётро ба зидди пайравони гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ва ҷангҷӯёни курд бештар кардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG