Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон 587 гирифтори дигари HIV-ро сабт кардаанд


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Дар Тоҷикистон дар 6 моҳи аввали имсол бештар аз 587 гирифтори нави бемории норасоии масунияти бадан ё ВИЧ-ро сабт кардаанд, ки дар миёни онҳо кӯдакон низ ҳастанд. Ба ибораи дигар рӯзона дар озмоишгоҳҳои тиббии Тоҷикистон то се нафар мубталои бемории мазкурро ошкор ва сабт кардаанд.

Бино ба як гузориши ҳукумати Тоҷикистон ба Созмони Милал, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, дар умум то охири моҳи июни соли 2023 дар умум бештар аз 11300 гирифтори ин беморӣ сабт шудааст. Аз ин ҳисоб зиёда аз 1500 нафарашон кӯдак ва ё наврасу навҷавонони то 19-сола будаанд, ки тақрибан 10 дар сади тамоми гирифторонро ташкил медиҳанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар ин гузориш гуфтааст, ки муолиҷаи мубталоёни вируси норасоии масунияти бадан дар кишвар дар муқоиса ба соли 2016 беҳтар шудааст.

"То соли 2020 то 86 дар сади гирифторони беморӣ муолиҷаи зидди ретровирусӣ мегирифтанд ва теъдоди онҳо дар соли 2023 афзоиш ёфтааст," -- омадааст дар гузориш.

Ба гуфтаи идораҳои тиббии Тоҷикистон, яке аз сабабҳои афзоиши беморӣ ва ё мушкилтар шудани пешгирӣ аз густариши он муҳоҷирати корӣ аст. Табибон гуфтаанд, муҳоҷирони корӣ аз табақаи осебпазир дар баробари ин беморӣ ҳастанд, чун дар Русия нодониста бо гирифторони вирус иртиботи ҷинсӣ мекунанд ва бо беморӣ ба кишвар бармегарданд.

Бино ба як таҳлили муассисаҳои тиббии Тоҷикистон, 90 дар сади занони ҳомилаи тоҷик, ки гирифтори вируси норасоии масунияти бадан будаанд, бемориро аз шавҳарони муҳоҷирашон “мерос” гирифтаанд.

Истифода аз сӯзандоруҳои олуда дар байни нашъамандон як омили дигари густариши беморӣ будааст. Теъдоди зиёдтари беморони вируси норасоии масунияти бадан, яъне 23 дар сади онҳо дар Душанбе будаанд.

Аз миёни тақрибан 3583 бемор, тақрибан 66 дар садашон мард ва 34 дар сади онҳо зан будаанд.

Роҳҳои муолиҷа ва ё фурӯ нишондани вируси норасоии масунияти одам, ки муқовимати бадани инсон ба бемориҳоро заиф мекунад, солҳои ахир беҳтар шудааст ва дар сурати саривақт гирифтани доруҳо фарди бемор метавонад, зиндагии дуруст ва умри дароз дошта бошад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG