Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди "ҷазо"-и нав дар Қирғизистон  


Тазабек Икромов
Тазабек Икромов

Вакили порлумони Қирғизистон Тазабек Икромов лоиҳаи қонуни пешниҳодии худро, ки барои иштирок накардан дар интихобот ва раъйпурсӣ ҷарима пешбинӣ мекард, бозбинӣ ва аз нав таҳия кардааст.

Икромов ин бор дар лоиҳаи қонун, ки дар сомонаи порлумони Қирғизистон нашр шуд, пешниҳод мекунад, ба шаҳрвандоне, ки ба интихобот намераванд, дар ниҳодҳои давлатӣ ба муҳлати аз 3 то 6 моҳ маълумотнома надиҳанд.

Ҳамчунин гуфта шуда, ки шаҳрвандон барои иштирок накардан дар интихобот аз ҳаққи дарёфти иҷозатнома барои шикор маҳрум карда шаванд.

Тибқи иттилои сомонаи порлумони Қирғизистон, Икромов ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонун гуё аз таҷрибаи кишварҳои Аврупо, Австралия, Бразилия ва Туркия истифода кардааст.

Ба гуфтаи вакили қирғиз, дар ин кишварҳо шаҳрвандон барои нарафтан ба интихобот бидуни сабаб муҷозот мешаванд.

Тазабек Икромов қаблан пешниҳод карда буд, ки сокинон барои иштирок накардан дар интихобот 56 доллар ҷарима шаванд. Вале ӯ охирҳои моҳи ноябр лоиҳаи қонуни худро бозхонд карда, гуфт, дар асоси назари оҷмеа онро аз нав таҳия мекунад.

XS
SM
MD
LG