Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайре ба шаҳраки солинавӣ дар Душанбе. ВИДЕО, АКС


То соли нави мелодӣ чанд рӯзи дигар монд. Дар майдони “Истиқлол”-и Душанбе шаҳраки солинавӣ сохта, арчаи асосӣ ва дарозтаринро (30 метр) гузоштаанд. Ҷашни расмии солинавӣ ҳам дар ҳамин майдон баргузор мешавад.

Алишер Юнусов ҳамроҳи хонаводааш аз ноҳияи Ёвон ба тамошои шаҳраки солинавӣ ба Душанбе омадааст. Ӯ шоми 19-уми декабр гуфт, бештар кӯдакон аз дидани ин манзара шод мешаванд.

Дар шаҳраки солинавӣ дӯконҳои чӯбӣ ҳам гузоштаанд, ки ба мардум бозича, ниқобу либос ва ширинӣ пешниҳод мекунанд.

Чанд нафар либоси Бобои Барфӣ ҳам пӯшидаанд. Зафарҷони Хушвақт яке аз онҳост ва мегӯяд, “кӯдакон вақте Бобои Барфиро мебинанд, ҳаяҷонзада мешаванд. Ба назди мо меоянд ва мунтазири туҳфа мешаванд. Мутаассифона, дар бештар маврид наметавонем ба ҳамаи онҳо туҳфа диҳем”.

Дар Тоҷикистон таҷлили иди Соли нав аз замони Шӯравӣ мондааст. Бисёре аз сокинон ин ҷашнро чун бахши муҳими ҳаёти худ таҷлил мекунанд.

Онҳое низ ҳастанд, ки Соли навро ба фарҳангу мазҳаби худ бегона медонанд, вале мавқеи худро дар назди дурбин баён намекунанд. Андеша доранд, ки изҳори назарашон дар ин бора эҳтимол мушкил пеш хоҳад овард.

Дар баробари шаҳраки солинавӣ дар чанд нуқтаи дигари пойтахт, аз ҷумла, дар назди Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва Сирки давлатии Тоҷикистон арча гузоштаанд.

Бар асоси барномаи имсола, рӯзи 1-уми январи соли 2024 барои коргарон истироҳати расмист. Хонандагони мактаб аз якуми январ ва то даҳуми ҳамин моҳ дар таътили зимистона хоҳанд буд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Душанбе ба соли нав омода шудааст? Худатон бубинед
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:17 0:00
XS
SM
MD
LG