Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бишкек Криловаро ронд, Маскав зиндонӣ кард


Алёна Крилова
Алёна Крилова

Додгоҳе дар Маскав фаъоли ҳаракати "Муқобилаи чап" Алёна Криловаро ду сол ҳабс кард. Ӯро ба ҳамкорӣ бо созмони тундгаро гунаҳкор донистанд.

Крилова рӯзи 4-уми июни имсол дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошт шуда буд.

Вай аз тарси фишору таъқиб дар Русия ба Қирғизистон рафт ва дархости паноҳандагӣ кард. Русия ӯро ба ҷустуҷӯи байнулмилалӣ дод ва ба ин сабаб Қирғизистон Криловаро ба Русия супурд.

Мақомоти Русия соли 2021 ҳаракати "Муқобилаи чап"-ро тундгаро эълом карданд. Баъд аз он аъзои ҳаракати мазкур аз Русия рафтанд.

XS
SM
MD
LG