Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шайх Навоф ал Аҳмад Ассабоҳро дар курсии раҳбари давлат Шайх Машъал ал-Аҳмад Ассабоҳ иваз кард


Шайх Навоф ал Аҳмад Ассабоҳ 86 сол дошт
Шайх Навоф ал Аҳмад Ассабоҳ 86 сол дошт

Рӯзи 16 декабр амири ин давлат шайх Навоф ал Аҳмад Ассабоҳ дар синни 86-солагӣ даргузашт. Сабаби марги ӯ гуфта намешавад. Ба иттилои хонаводаи шоҳӣ, ҷои ӯро расман Шайх Машъал ал-Аҳмад Ассабоҳи 83-сола гирифт, ки давоми ду соли охир амалан раҳбарии ин кишварро ба ӯҳда дошт. Дар ин муддат равобити Кувайт бо Арабистони Саудӣ тақвият ёфт.

Моҳи ноябр Навофро бо сабаби кадом бемории оҷиле ба бемористон интиқол доданд. Аз он замон то имрӯз ин кишвари хурду ғанӣ аз нафт мунтазири хабарҳо аз бемористон буд. Ба иттилои телевизиони давлатии Кувайт, моҳи марти соли 2021 ҳам амирро барои муолиҷа аз кадом беморие, ки ошкор намешавад, ба ИМА бурда буданд.

Кувайт 4,2 миллион аҳолӣ дорад ва аз замони ҷанги Халиҷ ва ихроҷи нирӯҳои ишғолгари Ироқ ба раҳбарии собиқ президент Саддом Ҳусайн, як муттафиқи наздики ИМА ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG