Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

FIFA се номзадро ба ҷоизаи бозигари сол эълон кард


Рӯйхати сегонаи номзадҳо ба унвони беҳтарин футболбоз дар соли 2023 аз рӯи фарзияи FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) эълон шуд. Рӯйхат дар сомонаи FIFA нашр шудааст.

Ба рӯйхати сегонаи номзадҳо ба унвони беҳтарин футболбози сол Эрлинг Ҳоланд («Манчестер Сити»/мунтахаби Норвегия), Килиан Мбаппе («ПСЖ»/мунтахаби Фаронса) ва Лионел Месси («Интер Майами», мунтахаби Аргентина) шомил шудаанд:

Аз рӯйхати пешин, ки 12 нафарро дарбар мегирифт, 9 кас хориҷ шуд: Хулиан Алварес («Манчестер Сити»), Марсело Брозович («Ал-Наср»), Кевин де Брёйне («Манчестер Сити»), Илкай Гюндоган («Барселона), Родри Эрнандес («Манчестер Сити»), Хвича Кваратсхелия («Наполи»), Виктор Осимхен («Наполи»), Деклан Райс («Арсенал»), Бернарду Силва («Манчестер Сити»).

Бояд гуфт, ки португолӣ Криштиану Роналду, ки дар бошгоҳи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад, ба рӯйхати 12 номзад ҳам ворид нашуда буд.

FIFA инчунин рӯйхати сегонаи номзадҳоро барои дарёфти ҷоизаи беҳтарин мураббии сол эълон кард.

Ба ин рӯйхат се мураббии маъруф дохил шудаанд: испанӣ - Хосеп Гвардиола («Манчестер Сити»), итолиёвӣ Симон Индзаги («Интер») ва Лучано Спаллетти («Наполи»).

Барои муайян кардани ғолибон дастовардҳои футболбозон ва мураббиён дар давраи аз 19-уми декабри соли 2022 то 20-уми августи соли 2023 ба назар гирифта мешавад.

Ғолибон дар маросими ҷоизасупории FIFA, ки 15-уми январи соли 2024 дар Лондон доир мегардад, мукофотонида мешаванд.

Зимнан, соли 2022 унвони беҳтарин бозигар аз рӯи фарзияи ҷоизаи The Best FIFA Football Awards насиби Лионел Месси ва беҳтарин мураббӣ насиби сармураббии мунтахаби Аргентина Лионел Скалони шуда буд.

XS
SM
MD
LG