Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз 16 то 22 сол зиндони панҷ тоҷик ва як доғистонӣ дар Русия


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи низомӣ дар Русия панҷ шаҳрванди Тоҷикистон ва як доғистониро аз 16 то 22 сол зиндонӣ кард.

Онҳо ба ташкили гуруҳи террористӣ ва омодагӣ ба ҳамла ба бинои ФСБ ё Хадамоти Федеролии Амнияти Русия дар моҳи майи соли 2022 гунаҳкор дониста шудаанд.

Дар ин бора хабаргузории давлатии ТАСС рӯзи 14-уми декабр хабар дод.

Мавқеи шаҳрвандони Тоҷикистон ба қазия маълум нест, вале пештар вакилони мудофеи онҳо парвандаро сохта номида буданд.

Бар асоси ҳукми додгоҳи низомии Русия

  • Манучеҳр Бӯриев (Тоҷикистон) 22 сол зиндон;
  • Самандар Тошмуродов (Тоҷикистон) 20 сол зиндон;
  • Абдуқодир Тоиров (Тоҷикистон) 17 сол зиндон;
  • Абдумалик Самиев (Тоҷикистон) 17 сол зиндон;
  • Раҷабалӣ Бӯриев (Тоҷикистон) 16 сол зиндон
  • ва Ҳоҷимурод Ҳасаналиев (Доғистон) 19 сол зиндонӣ шудаанд.

Додгоҳ ҳамзамон ҳамаи онҳоро аз 600 ҳазор то як миллион рубли Русия ҷарима баст.

Додгоҳи ҳарбии Русия моҳи октябри имсол дар доираи ҳамин парванда муҳоҷири тоҷик Меҳроб Ҳаитовро 12 сол зиндонӣ кард. Хабаргузории ТАСС аз қавли хадамоти матбуоти Додгоҳи ҳарбӣ гуфта буд, ки “Меҳроб Ҳаитов гуноҳи худро пурра эътироф кард, дар ошкор кардани ҷиноят мусоидат намуд” ва бинобар ин муҳокимаи парвандаи ӯ алоҳида ва махсус баррасӣ шуд.

XS
SM
MD
LG