Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангҷӯён дар Ғазза 9 нерӯи исроилиро куштаанд


Ҷанги байни Исроил ва гурӯҳи тундрави "Ҳамос" аз 7=уми октябр боз идома дорад
Ҷанги байни Исроил ва гурӯҳи тундрави "Ҳамос" аз 7=уми октябр боз идома дорад

Ҷангҷӯёни фаластинӣ аз камингоҳе ба нерӯҳои исроилӣ дар Ғазза ҳамла карда, камаш 9 нафари онҳоро куштаанд.

Дар ин бора расонаҳо, аз ҷумла “Ассошиэйтед Пресс”, рӯзи 13-уми декабр гузориш дода, аммо нагуфтаанд, ки ҷангҷӯён аз “Ҳамос” ҳастанд ё гурӯҳҳои дигари вобаста ба он.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи тундрави “Ҳамос”-ро созмони террористӣ медонанд.

Гуфта мешавад, иртиботи нерӯҳои исроилӣ бо чаҳор сарбозе, ки рӯзи сешанбе дар минтақаи Шуҷоия ҳадафи ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифта буданд, қатъ шудааст.

Бино ба хабарҳо, вақте нерӯҳои дигари исроилӣ амалиёти наҷотро оғоз карданд, ҳадафи ҷангҷӯёни дар ҳоли камин қарор гирифтанд.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки дар миёни кушташудаҳо як фармондеҳ ва як афсари аршади исроилӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG