Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як зодаи дигари Тоҷикистон дар ҷанги Русия зидди Украина


Бахтовар Орифов
Бахтовар Орифов

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳамзамон шиносномаи Русияро дошт, дар ҷанги зидди Украина кушта шудааст.

Наздиконаш гуфтанд, Бахтовар Орифов афсари нерӯҳои таъиноти махсуси Русия, 30-сола ва соҳиби ду фарзанд буд.

“Дар як амалиёти нерӯҳои Украина кушта шудааст,” -- гуфт яке аз пайвандонаш. Ҷасади Бахтовар Орифовро рӯзи 13-уми декабр дар зодгоҳаш, шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, дафн карданд.

Орифов хатмкардаи Омӯзишгоҳи ҳарбии Рязан буда, аз аввали ҷанги бедалели Русия дар Украина иштирок доштааст.

То кунун хабари марги даҳҳо зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Украина расонаӣ шудааст. Баъзе аз онҳоро ширкати хусусии “Вагнер” ба ҷанг бурда буд.

Мақомоти Тоҷикистон танҳо ҷалби беш аз 100 маҳбуси тоҷикро аз зиндонҳои Русия ба ҷанг тасдиқ кардаанд. Омори дигар дастрас нест.

Низомиёни рус дар охири моҳи феврали соли 2022 ба хоки Украина ҳамла карданд ва ҷанг то кунун идома дорад. Аксар кишварҳои дунё Русияро барои кӯшиши ишғоли Украина танқид ва таҳрим кардаанд.

XS
SM
MD
LG