Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти вазирони дифои Тоҷикистону Қирғизистон


Бактибек Бекболотов, вазири дифои Қирғизистон
Бактибек Бекболотов, вазири дифои Қирғизистон

Вазирони дифои Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкории низомиро баррасӣ кардаанд.

Мулоқот рӯзи 6-уми декабр дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд гузашт.

Дафтари матбуоти Вазорати дифои Қирғизистон гуфт, Бактибек Бекболотов бо сафари корӣ ва дар садри як ҳайат ба Тоҷикистон омадааст.

“Дар бораи масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои ҳарбӣ табодули афкор сурат гирифт,” – афзуд манбаъ.

Вазорати дифои Тоҷикистон дар ин бора хабаре надодааст.

Марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ду соли гузашта шоҳиди муноқишаи хунин ва пурқурбонӣ буд. Даъво бар сари дастрасӣ ба замину чарогоҳҳо, роҳу обу манобеи дигар аст.

Бо вуҷуди идомаи равобити кории миёни ду кишвар, муносибатҳои сиёсии байни ду ҳамсояи наздик ҳанӯз пурра барқарор нашудааст, Марзи Қирғизистон ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон баста мемонад ва додугирифтҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар ҳам бисёр ночиз шудааст.

XS
SM
MD
LG