Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як дархости Амрико аз Исроил дар масъалаи Ғазза


“Амалиёти ҷангии артиши Исроил дар навори Ғазза боис ба қурбониҳои нав шудааст,” – навишт хабаргузории Reuters.

Ба иттилои манбаъ, ҳукумати Амрико талош дорад, ба Исроил фишор орад ва онро водор кунад, ки талафотро миёни аҳолии осоишта дар ҷануби навори Ғазза ба ҳадди камтарин расонад.

Reuters менависад, Вашингтон гуфтааст, ҳамчун яке аз василаҳои фишор ба Исроил метавонад, кумаки низомиашро кам кунад.

Ба гузориши Би-би-сӣ, Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, гуфтааст, баъд аз ҷанг навори Ғазза бояд таҳти назорати артиши Исроил бимонад.

Дар ҳамин ҳол дар шаҳри Хон-Юнус дар ҷануби навори Ғазза ҷанги шадид идома дорад.

Гертс Халеви, сардори ситоди артиши Исроил гуфт, шаҳри Хон-Юнусро муҳосира кардаанд.

Теъдоди умумии талафоти артиши Исроил аз оғози амалиёт дар навори Ғазза 80 низомӣ гуфта мешавад.

Теъдоди кушташудаҳо дар навори Ғазза ба 16 ҳазор кас расидааст.

XS
SM
MD
LG