Дар фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми декабри имсол сабаби тасмимро "кирдоре" номидаанд, ки "шаъну эътибори судяро паст мезанад", аммо тафсилот надодаанд.
Қаблан баъзе аз додрасҳоро бо ҳамин иттиҳом ва асосан барои ришвагирӣ аз кор озод карда буданд. Феълан дақиқ нест, ки Саидаҳмад Зайдуллозода боздошт шудааст ё не.
Дар Тоҷикистон беш аз чаҳорсад додрас кор мекунанд. Дар даҳ соли охир беш аз сӣ нафари онҳо боздошт ва бархе ба зиндон маҳкум шудаанд.
Таъйину барканории додрасҳо бо фармони президент амалӣ мешавад.
Кумисюни байнулмилалии ҳуқуқшиносон моҳи декабри соли 2020 ин нуктаро танқид карда, гуфта буд, ки "додрасҳо дар Тоҷикистон мустақил ва беғаразона ҳукм содир намекунанд".
Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша низоми адлияи худро одилона шумурдааст. Кумисюн кам будани маоши додрасҳоро аз нуктаҳои сусти низоми додгоҳӣ дар Тоҷикистон ном бурда буд.
Гуфтугӯ