Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини президенти Амрико аз ояндаи Ғазза гуфт


Камола Ҳаррис
Камола Ҳаррис

Камола Ҳаррис, муовини президенти Амрико, дар пасманзари даргириҳои нав дар Навори Ғазза миёни Исроил ва гурӯҳи тундрави "Ҳамос" (дар Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ эътироф шудааст) мавқеи Иёлоти Муттаҳидаро дар бораи ояндаи ин борика баён кард.

Ҳаррис дар нишасте дар Дубай гуфт, ки фаластиниён дар Каронаи Ғарбӣ ва Навори Ғазза бояд аз тарафи маъмурияти ягона идора шаванд. Дар ҳоли ҳозир Каронаи Ғарбӣ зери назорати Ташкилоти Худгардони Фаластин ва Навори Ғазза таҳти назорати гурӯҳи тундрави "Ҳамос" аст.

Муовини президенти Амрико дар суҳбат бо Абдуфаттоҳ Сисӣ, раиси ҷумҳурии Миср, низ гуфт, "Иёлоти Муттаҳида ба ҳеч ваҷҳ ба кӯчондани маҷбурии фаластиниҳо аз Навори Ғазза ва ё Каронаи Ғарбӣ иҷозат нахоҳад дод."

Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи ӯ, "Ҳамос" набояд дар Ғазза ҳоким бошад, чун "барои амнияти Исроил, некӯаҳволии мардуми Фаластин ва суботи минтақа қобили қабул нест".

Камола Ҳаррис ҷонибдории Иёлоти Муттаҳидаро барои танаффус дар ҷанг, озодии гаравгонҳо ва расондани ёриҳои башардӯстона ба Ғазза баён кард.

Сухангӯйи гурӯҳи тундрави "Ҳамос" рӯзи 2-юми декабр гуфт, бе созиш дар бораи оташбаси давомдор озодии зиёда аз 130 гаравгони боқимонда имконпазир нест.

Исроил мегӯяд, то замони нобудии "Ҳамос" ба ҷанг идома хоҳад дод. Ҳамзамон Телавив мегӯяд, барои таваққуф дар ҷанг омода аст, ба шарте ки раҳоии гаравгонҳо дар назар бошад.

Намояндагони Исроил ҳангоми суханронӣ дар бораи ояндаи Ғазза мегӯянд, нияти ишғоли ин борикаро надоранд. Вале мавқеи расмии Исроил дар мавриди он ки пас аз маҳви эҳтимолии "Ҳамос" идораи Ғазза ба дасти кӣ хоҳад буд, ҳанӯз рӯшан нест.

Ҷанги нав рӯзи 7-уми октябри имсол пас аз ҳамлаи гурӯҳи тундрави "Ҳамос" ба Исроил сар шуд.

XS
SM
MD
LG