Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон ба Ғазза ёрии башардӯстона мефиристад


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Ҳукумати Қазоқистон рӯзи 29-уми ноябр эълон кард, ки “ба далели вазъи фоҷеабор дар навори Ғазза” рӯзҳои наздик ба фаластиниҳо кумаки иловагии башардӯстона мефиристад.

Кумаки башардӯстона аз ғизо, рахти хоб, дору ва маҳсулоти тиббӣ иборат буда, дар ҳаҷми беш аз 38 тонна фиристода хоҳад шуд.

Исроил ва гурӯҳи тундрави "Ҳамос" ахиран оташбасро дар Ғазза барои ду рӯзи дигар дароз карданд, то битавонанд гаравгонҳо ва асирони бештарро мубодила кунанд.

Оташбаси қаблӣ рӯзи 24-уми ноябр ба муддати чаҳор рӯз эълон шуда буд ва рӯзи душанбе ба поён расид. Дар ин муддат ду тараф даҳҳо гаравгон ва асирро озод карданд.

Антонио Гутерреш, дабири кулли СММ, тамдиди оташбасро байни Исроил ва "Ҳамос" "шуълаи умед" хонд, вале ҳамзамон ҳушдор дод, ки ин муддат барои фиристодани ёриҳои башарӣ ба Ғазза кофӣ нест.

Сухангӯйи Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед рӯзи 27-уми ноябр эълон кард, ки ҳукумати Амрико аз тамдиди дурӯзаи ҷанг миёни Исроил ва "Ҳамос" истиқбол мекунад ва алоқаманд аст, ки оташбас идомадор бошад. Ҷон Кирби айни замон гуфт, тамдиди дарозмуддати оташбас ба он вобастагӣ дорад, ки "Ҳамос" озод кардани гаравгонҳоро идома диҳад.

Гурӯҳи "Ҳамос" рӯзи 7-уми октябр бо ҳамла ба шаҳрҳо ва шаҳракҳои исроилӣ дастикам 1200 исроилиро кушт ва 240 нафарро рабуд ва ба Ғазза бурд.

Ҷанг миёни ҷонибҳо аз он замон то рӯзи 24-уми ноябр идома дошт. Ба гуфтаи мақомоти фаластинӣ, дар ин муддат бар асари ҳамлаҳои Исроил беш аз 14 ҳазор нафар дар Ғазза кушта шуданд, ки бештари онҳо кӯдакон ва занон мебошанд.

XS
SM
MD
LG