Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Тоҷикистон бо сафари расмӣ ба Русия меравад


Қарор аст, ҳафтаи оянда президент Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Маскав сафар карда, бо раҳбари Русия Владимир Путин мулоқот кунад.

Оҷонсии расмии ТАСС-и Русия бо такя ба сухангӯи президенти Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода навишт, сафар рӯзҳои 21-22-юми ноябр дар назар гирифта шудааст. Сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков ҳам ин хабарро тасдиқ кардааст.

Мақомот дар Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора хабаре нашр накардаанд. Шарифзода гуфтааст, ки гуфтугузорҳо дар Маскав дар чаҳорчӯби “маҳдуд ва васеъ” доир мешаванд.

Қарор аст баъди Маскав, Раҳмон барои ширкат дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Минск парвоз кунад, ки он ҷо низ иштироки Путин дар назар гирифта шудааст.

Бори охир Раҳмон ва Путин дар чаҳорчӯби ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил моҳи октябр дар шаҳри Бишкек дидор карда буданд.

Тоҷикистон ва Русия шарикони стратегӣ дониста мешаванд. Русия дар хоки Тоҷикистон азимтарин пойгоҳи низомии хориҷиашро ҷой додааст; соле то як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия барои кор мераванд.

Вале маҳз муҳоҷирони тоҷикистонӣ, ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, аз беҳимоятарин қишри коргарони хориҷӣ дар ин кишвар дониста мешаванд, ки вобаста ба тағйирёбии муносибатҳои байни раҳбарон ё ҳукуматҳои ду кишвар мавриди фишору азият қарор мегиранд. Мунаққидон Русияро барои ваъдахилофиҳояш дар иҷрои тарҳҳои иқтисодию саноатӣ дар Тоҷикистон интиқод мекунанд.

Соли 2022 дар як дидоре дар Остона президенти Тоҷикистон дар муроҷиаташ ба Путин хостори "эҳтироми" бештар ва муносибати шоиста ба мардум ва кишвараш шуд ва инро таҳлилгарон чун бесобиқатарин ҳолати гилаи ошкори Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеъгирии Кремлин нисбати Душанбе арзёбӣ мекунанд. Аз сӯи дигар, ин навори видеоӣ, ки дар интернет паҳн шуд, ба вуҷуди норизоиятҳое дар равобити Душанбе ва Маскав ишора кард.

Баъди ҳуҷуми Русия ба хоки Украина феврали соли 2022 ва таҳти таҳримҳои шадиди ғарбӣ мондани он, додугирифтҳои ин кишвар бо давлатҳои собиқ шӯравӣ бештар шуд. ТАСС бо такя ба оҷонсии омори Тоҷикистон менависад, додугирифтҳои тиҷоратии миёни Тоҷикистону Русия аз январ то августи соли 2023 беш аз 1,1 миллиард долларро ташкил дода, 3 % бештар назар ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG