Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои сарвазир ва ҳукумати Лаҳистон


Нахуствазири Лаҳистон Матеуш Мораветский дар ҷаласаи нахустини Сейм, палатаи поёнии маҷлиси миллии он кишвар бар асоси қонунгузорӣ, ҳамроҳ бо девони вазирон истеъфо дод.

Президенти Лаҳистон Анжей Дуда рӯзи 7 ноябр номзадии Мораветскийро ба мақоми нахуствазирӣ ба Сейм пешниҳод карда, гуфт, масъулияти ташкили ҳукумат бар зиммаи вай вогузор карда шудааст.

Мораветский ва ҳизби ҳокими муҳофизакори ӯ - "Ҳуқуқ ва адолат" ду ҳафта фурсат доранд, ки барномаи девони вазиронро ба Сейм пешниҳод кунанд.

Ҳизбҳои мухолифи "Эътилофи шаҳрвандӣ", Роҳи севум" ва "Чапгароҳо" 10 ноябр созишномаи эътилофиеро имзо карда, гуфтанд, ҳукуматеро ба раҳбарии собиқ раиси Шурои Аврупо Доналд Туск таъсис доданиянд.

XS
SM
MD
LG