Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарбаҳои Амрико ба мавзеи гуруҳҳои рӯ ба Эрон дар Сурия


Ллойд Остин, вазири дифои ИМА
Ллойд Остин, вазири дифои ИМА

ИМА мавзеи гуруҳҳои рӯ ба Эронро дар ҷанубу шарқи Сурия, дар наздикии марзи Ироқ ҳадафи зарбаи ҳавоӣ қарор додааст.

Дар ин бора "Садои Амрико" бо истинод ба вазири дифои ин кишвар Ллойд Остин иттилоъ додааст.

Хабаргузории "Reuters" бо истинод ба изҳороти Остин афзудааст, "ду зарбаи ҳавоӣ посух ба ҳамлаҳои давомдор ва асосан номуваффақи гурӯҳҳои ниманизомии зери ҳимояти Эрон алайҳи амрикоиҳо дар Ироқ ва Сурия аст, ки аз 17-уми октябр оғоз шуданд".

Ллойд Остин гуфтааст, ин ҳамлаҳо бо дастури Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико анҷом шуданд.

Дар хабар омадааст, ки маркази омӯзишии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар шаҳри Абукамоли вилояти Дайр-аз-Зури Сурия ҷойгир аст. Дар бораи оқибати зарбаҳо ҳанӯз маълумоте нест.

XS
SM
MD
LG