Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсараш хабарнигори боздоштшудаи Радиои Озодӣ дар Русияро "зиндонии сиёсӣ" номид. ВИДЕО


Алсу Қурмашева
Алсу Қурмашева

Шавҳари хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Алсу Қурмашева, ки рӯзи 18-уми октябр дар Русия боздошт шуд, ҳамсарашро як “зиндонии сиёсӣ” меномад.

Павел Буторин, шаҳрвандии Амрикоро дорад ва дар вазифаи раиси телевизиони “Настояшее время” кор мекунад. Ин расонаро Радиои Озодӣ ва Садои Амрико созмон додаанд.

Ин аввалин мусоҳибаи Павел Буторин баъди дар Русия боздошт шудани ҳамсараш Алсу Қурмашева аст. Алсу ва Павел аз хабарнигорони собиқадори Радиои Озодӣ ҳастанд, вале аввалин бор аст, ки исми онҳо ба хабарҳо роҳ ёфт.

"Алсу бояд баргардад. Духтарон ташнаи оғӯши модаранд, ман мехоҳам ҳамсарам баргардад. Ӯ бояд озод шавад,"--мегӯяд Павел.

Видеоро инҷо бинед:

Алсуро озод кунед! Шавҳар мегӯяд, хабарнигори Озодӣ ноодилона ҳабс шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:57 0:00

Алсу 25 сол аст, дар бахши тотору бошқирди Радиои Озодӣ кор мекунад ва шиносномаҳои Русияву Амрикоро дорад. Моҳи май ӯ барои аёдати модари бемораш ба Қазон рафт. Мақомот ҳарду шиносномаи ӯро барои гузориш надодан дар бораи шаҳрвандии амрикоиаш гирифтанд.

Павел ҳамсарашро маҳбуси сиёсӣ дар Русия медонад: "Мақомот ин қазияи бисёр масхараомезро панҷ моҳ тӯл дода, дар охир як ҷаримаи хурде таъин карданд. Вақте қазия ба охир мерасид ва ӯ интизори бозгардони шиносномаву бозгашташ буд, мардони ниқобпӯш дари хонаашро кӯфта ӯро бо худ бурданд. Аз ҳамон замон дар боздошт аст. Алсу ба хотири ин ки журналист ва як шаҳрванди амрикоӣ аст, як маҳбуси сиёсӣ мебошад."

Ба Қурмашева ҳоло иттиҳоми сангини дигаре ҳам таҳдид мекунад: ӯ нахост худро чун агенти хориҷӣ сабтином кунад. Ин иттиҳом то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Таҷрибаи агенти хориҷӣ номидани журналистон ва расонаҳо дар Русия чун василаи саркӯби озодии баён бисёр маҳкум шудааст.

"Ба Алсу ҳоло боз мехоҳанд иттиҳоми сангинтаре бор кунанд, ки ӯ ҳам нахост чун агенти хориҷӣ сабтином шаваду маълумот ҳам ҷамъ мекард. Магар ин табиати асосии кори журналистӣ нест?"--гуфт шавҳараш.

Дар Русия як журналисти дигари амрикоӣ ҳам ҳоло дар дар боздошт аст. Эван Гершкович, хабарнигори Wall Street Journal-ро моҳи март дар ҷосусӣ гумонбар донистанд. Боздошти ӯ ҳам мисли Қурмашева мавриди маҳкумияти ҷиддӣ шуд.

Ин ҳама ба кори журналистони хориҷӣ, бахусус журналистони ғарбӣ, ки талош доранд ҷомеаи байналмилаливу мардумро дар бораи ҷанге, ки Русия пеш мебарад, бохабар созанд, таъсири манфӣ мерасонад.

Павел Буторин бояд ҳам корашро идома диҳаду ин ҳам фишори равониро таҳаммул кунад. Ӯ раиси телевизиони “Настояшее время” аст, ки дар ҳамкории муштараки Радиои Озодиву Садои Амрико ба забони русӣ барномаҳо таҳия мекунад.

Қурмашева бештар дар соҳаи рушди забону фарҳанги тоторӣ кор мекард. Аз замони ҳабсаш бо хешовандонаш ҳеҷ тамосе надорад.

"Фарзандони мо дар рӯҳияи озод калон мешаванд. Барои кӯдаки амрикоӣ, ки дар рӯҳияи озодии фардӣ, озодии баён ва сухан бузург мешавад, дарки ин ки модари журналисташон танҳо барои як ҳарфе ё нашри матлабе ба утоқи сарди зиндон андохта шудааст, бисёр сахт аст,"--гуфт Павел, шавҳари Алсу.

Додгоҳе дар Қазон рӯзи 23 октябр қарор кард Қурмашеваро то 5 декабр дар боздошт нигоҳ дорад. Кремлин ҳама гуна дахолаташ дар ин қазияро рад кардааст. ИМА мегӯяд, ки ин боз як мавриди дигари аз ҷониби ҳукумати Русия озор дидани шаҳрванди Амрико мебошад. То ҳол ба консулгарии Амрико иҷозаи дидор бо Қурмашева дода нашудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG