Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват аз Раисӣ: “Бо Раҳмон озодии маҳбусони сиёсиро матраҳ кунед”  


30 маи соли 2022. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо раиси ҷумҳурии Эрон Иброҳим Раисӣ дар Теҳрон
30 маи соли 2022. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо раиси ҷумҳурии Эрон Иброҳим Раисӣ дар Теҳрон

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), ки аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон як ташаккули оппозитсионии мамнӯъ дониста мешавад, дар даъват аз президенти Эрон хост, дар мулоқоташ бо президент Эмомалӣ Раҳмон мавзӯи озодии маҳбусони сиёсиро дар миён гузорад. Дар номаи саркушодае, ки 6-уми ноябр дар саҳифаи фейсбукии ПМТ нашр шуд, дар муроҷиат ба президенти Эрон Иброҳим Раисӣ, аз ҷумла, ёдоварӣ шудааст, ки Ҷумҳурии Исломӣ ҳамчун яке аз кафилони иҷрои Созишномаи сулҳи соли 1997 масъулият дорад, то ба поймол шудани он расидагӣ кунад.

Паймон афродеро “маҳбуси сиёсӣ” меномад, ки бо айбномаи ҳамдастӣ дар шӯриши нокоми мусаллаҳонаи собиқ муовини вазири дифоъ генерал Абдуҳалим Назарзода дар моҳи сентябри соли 2015 зиндонӣ шуданд ва бархе аз онҳо ҳамчун сарони Ҳизби мамнуъи Наҳзати Исломӣ ҳукми ҳабси абад гирифтанд.

Дар ин замина ҳизби мазкур террористӣ эълон ва фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ шуд. Аммо раҳбарон ва фаъолони он, ки акнун дар Аврупо дар сафҳои ПМТ ҷамъ омадаанд, ҳама гуна даст доштани ҳизбро дар ошӯб рад мекунанд. Созмонҳои байнулмиллии ҳомии ҳуқуқ низ ин ҳукмҳоро танқид карданд, вале ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, қарорҳои додгоҳ ба пояи далелҳо гирифта шудаанд.

Интизор меравад, президенти Эрон Иброҳим Раисӣ рӯзҳои 7 ва 8-уми ноябр ба Тоҷикистон сафари корӣ дошта бошад. Гуфтушуниди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ширкаташ дар нишасти Палатаи савдои Тоҷикистон ва Эрон яке аз барномаҳои ин сафар гуфта мешавад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG