Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Эрон ба Тоҷикистон меояд


Иброҳим Раисӣ, президенти Эрон, ҳафтаи оянда ба Душанбе меояд. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар додааст. Ба гуфтаи манбаъ, сафари Раисӣ ба Тоҷикистон 7-8-уми ноябр дар назар аст.

Интизор меравад, Иброҳим Раисӣ дар ҷараёни сафар бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мақомдорони дигари баландпоя дидору гуфтугӯ кунад. Ширкат дар нишасти Палатаи савдои Тоҷикистон ва Эрон аз барномаҳои дигари ӯ будааст.

Муносибати ду кишвар дар соли 2015 ба поинтарин сатҳ расида буд. Мақомот дар Душанбе Эронро барои пуштибонӣ аз ҲНИТ ва кӯшиши табаддулоти давлатӣ ва доман задан ба ҷанги шаҳрвандӣ гунаҳкор карданд.

Расонаҳои эронӣ мақомоти Тоҷикистонро ба рабудани миллионҳо доллари Бобак Занҷонӣ, ки дар Эрон ба ҳабси якумра маҳкум шудааст, муттаҳам карданд.

Дар солҳои охир равобити ду кишвар дубора рӯ ба гармӣ овардааст.

XS
SM
MD
LG