Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари мардум: Оё дар Тоҷикистон Қонуни асосӣ риоя мешавад? ВИДЕО


6-уми ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Конститутсия таҷлил мегардад. Дар Қонуни асосӣ  пешбинӣ шудааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда фароҳам меорад ва ҳама дар назди қонун баробаранд.

Бо таваҷҷӯҳ ба чунин меъёрҳои қонун, 6-уми ноябр хабарнигорони Радиои Озодӣ дар кӯчаҳои Душанбе аз сокинон пурсиданд, ки оё воқеан барои шумо шароити зиндагии арзанда фароҳам оварда шудааст ва то куҷо қонун барои ҳама баробар аст?

Посухҳои сокинонро инҷо хондаву тамошо кунед:

- То ҳол шикоят надорем. Куҷое рафтаем корамон мувофиқи қонун ҳал шудааст. Барои ҳамин, ба фикрам қонун барои ҳама баробар аст.

- Қонун барои ҳама баробар нест. Масалан, нисбатаи камбағал рафтор дигар аст, барои афроди доро дигар хел. Ба ҳама якхел рафтор намекунанд. Шароити зиндагии на ҳама низ хубу шоиста аст.

- Касе ҳаракат мекунад, зиндагии беҳтар дорад. Худованд ҳам гуфтааст, ки "аз ту ҳаракат, аз ман баракат". Агар дар хона шинӣ, ҳич кас ғами туро намехурад.

- Қонун барои ҳама баробар нест. Мисол, мо дар як “маркази раводид” ҳуҷҷат супоридем, бо 210 ҳазор сомонӣ. Ба мо гуфтанд дар Канада ба ҷои кор таъмин мекунем. Инак 4 моҳ шуд нест он одам. Мо он нафарро дар амният додем, дар прокуратура ҳам додем, дар ҳама мақомотҳо додем. Парванда карданд, бурданд дидан, вале ҷинояткорро ҷавоб доданд, рафт. Агар қонун барои ҳама баробар мебуд, бояд ин хел намешуд.

Назари мардум: Оё дар Тоҷикистон Қонуни асосӣ риоя мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG