Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷуброни муассиси ширкати марбут ба духтари Назарбоев


Алия Назарбоева
Алия Назарбоева

Муассиси пешини ширкати "Operator ROP" Шнар Мухторова 920 миллион танга (тақрибан ду миллион доллар) ба давлат ҷуброн додааст.

Хадамоти зидди фасоди Қазоқистон моҳи июл хабар дод, ки Шнар Мухторова дар Имороти Муттаҳидаи Араб дастгир шудааст. Мухторова ба гумони "дуздӣ ба миқдори махсусан калон" таҳти пайгард қарор дошт.

Мухторова ба дуздии 920 миллион танга, ки барои партови воситаҳои нақлиёт дар Қазоқистон ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ шуда буд, муттаҳам мешавад.

Дар Қазоқистон молиёт барои партови воситаҳои нақлиётро ширкати "Оператор РОП" ҷамъ мекард. Ин ширкатро, ки соли 2015 таъсис ёфта буд, ба Алия Назарбоева, духтари хурдии президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рабт медоданд.

Ҳукумати Қазоқистон 19-уми январ бо дастури президент Қосимҷомарт Тоқаев қарори манъи фаъолияти "Оператор РОП"-ро баровард.

XS
SM
MD
LG