Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафир бастани мактабҳои туркиро дар Тоҷикистон "кори дуруст" хонд. ВИДЕО


Бинои литсейи муштараки тоҷикиву туркии ба номи Ҳоҷӣ Камол
Бинои литсейи муштараки тоҷикиву туркии ба номи Ҳоҷӣ Камол

Сафири Туркия дар Тоҷикистон бастани мактабҳои туркӣ ва давлатӣ кардани онҳоро дар Тоҷикистон "кори дуруст" номид.

Умут Аҷар, сафири Туркия дар нишасти хабарие ба муносибати 100 солагии ҷумҳурӣ эълон шудани Туркия, дар ин бора сӯҳбат кард ва гуфт, созмони “Фето”, ки соли 2016 дар кишвараш кӯшиши табаддулоти давлатӣ карда буд, аз даромади мактабҳои туркӣ дар хориҷӣ кишвар сармоягузорӣ мешуд. Аммо онҳое, ки фарзандонашон дар ин мактабҳо мехонданд, мегӯянд, даргумон аст, маблағи каме, ки онҳо барои таҳсили фарзандонашон месупурданд, ба ин мактабҳо даромади зиёд оварда бошад.

Сафир афзуд, Туркия бо дастгирӣ кардани ин мактаб "ба иштибоҳ роҳ дод." "Мо фикр мекардем, ки ин мактабҳо фарҳанги Туркияро ба дигарон муаррифӣ мекунад. Аммо собит гардид, ки ин созмон на барои манфиатҳои миллии мо фаъолият мекардааст. Давлати Тоҷикистон дар мубориза бо ин созмон ҳамраъйии худро нишон дод. Яъне ин мактабҳоро бастанд, давлатӣ карданд. Кормандони ин мактабҳоро озод карданд." - гуфт, Умут Аҷар, сафири Туркия дар Душанбе.

Соли 2015 Ҳукумати Тоҷикистон бо имзои як қарор литсейҳои муштараки тоҷикиву туркӣ, марбут ба ҳаракати Фатҳуллоҳ Гюленро, ки аз муассисаҳои таълимии бонуфуз ба ҳисоб мерафтанд, расман ба "Литсей барои хонандагони болаёқат" табдил дод. То он замон шаш литсейи муштараки тоҷикӣ-туркӣ дар Душанбеву Хуҷанд, Кӯлоб, Турсунзода ва Қӯрғонтеппа фаъол буданд.

Сафир бастани мактабҳои туркӣ дар Тоҷикистонро кори дуруст номид.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:39 0:00

Дар мавриди фаъолияти ин литсейҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон андешаҳо гуногун буд. Бархе ин литсейҳоро барои густариши андешаҳои пантуркистиву туркпарастӣ айбдор мекарданд, аммо бархе аз соҳибназарони дигар аз сифати таълим дар ин литсейҳо тавсиф карда, ба сатҳи дониши шогирдони он баҳои баланд медоданд.

Хатмкардагони мактаби муштараки тоҷикиву туркӣ, аз таҳсил дар он мактабҳо бо ифтихор ёд мекунанд. Лайло, хатмкардаи мактаби муштараки тоҷикӣ- туркӣ мегӯяд, "Дар Тоҷикистон ин мактаби якум ва беҳтарин буд. Бисёр кадрҳои хубро тарбият кард. Одамоне ки дар ин мактаб таҳсил кардаанд, дар ҷойҳои баланд кор мекунанд. Яке аз онҳо ман ҳастам. Ман бисёр хурсанд ҳастам, ки дар ин мактаб таҳсил кардам."

"Шалола", муассиси мактабҳои туркӣ дар Тоҷикистон, яке аз муассисаҳои таҳти нуфузи ҳаракати дар Туркия пурнуфузи “Хизмет” дониста мешавад.

Муассис ва роҳбари ҳаракати “Хизмет” рӯҳонии фирории турк Фатҳуллоҳ Гулен аст, ки аз солҳои 90 дар Амрико ба сар мебарад. Ӯ ибтидо аз ёрони раҳбари кунунии Туркия Раҷаб Эрдуғон ном бурда мешуд, вале дар солҳои охир бо ҳукумат мушкил пайдо кард ва ӯро ба ташкили гурӯҳҳои террористӣ ва як «ҳукумати параллелӣ аз ҳисоби шогирдони мактабҳояш айбдор карданд.

Фаридун Ҳодизода, коршиноси тоҷик мегӯяд, мактабҳои туркӣ дар хориҷ аз Туркия, аз ҷумла дар Тоҷикистон қурбони ихтилофоти раҳбарияти ин кишвар бо мухолифонаш шудаанд:

Коршиноси тоҷик, афзуд: "Ба фикри ман ин мактабҳо бад набуданд, хуб буданд. Дар ин мактаб, ватанпарастиро бисёр тарбият мекарданд. Масалан ҳар субҳ дарсҳо бо суруди миллӣ ва бардоштани парчами Тоҷикистон шурӯъ мешуд. Дуввум, албатта дар ин мактаб пропагандаи динӣ ҳам буд."

Ба гуфтаи Фаридун Ҳодизода, гумон намеравад, маблағи каме, ки падару модарон барои таҳсили фарзандонашон месупурданд, ба ин мактабҳо даромади зиёд меовард. Баръакс бахши бузургтари ҳаққи таҳсилро худи мактабҳо мепардохтанд.

Фаъолияти литсейҳои туркӣ бо бастани як шартнома миёни ширкати “Шалола”ва ҳукумати Тоҷикистон аз соли 1993 шурӯъ шуд. Баъдан соли 2003 мӯҳлати шартномаи мазкур то 10 соли дигар, яъне то соли 2013, тамдид карда шуд.

Соли 2016 пас аз як табаддулоти ноком дар Туркия, кори ин мактабҳо дар аксар кишварҳои хориҷӣ махсусан давлатҳои Осиёи Марказӣ пурра баста шуданд ва табдили ном карданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG