Пайвандҳои дастрасӣ

Омӯзгорони литсейҳои туркӣ: “Дар миёни чаҳор дарё мондаем”


Анкара аз 22 кишвари ҷаҳон расман талаб кардааст, ки 45 тарафдори Фатҳулло Гулен, рӯҳонии турки муқими Амрикоро ба онҳо бисупоранд. Дар ин кишварҳое, ки ба фикри Туркия, тарафдорони Гулен дар онҷо паноҳ бурдаанд, Қазоқистону Қирғизистон ва Туркманистону Узбакистон ҳастанд. Дар ин бора хабаргузории “Анадолу” рӯзи 25-уми ноябр бо такя ба қавли Вазорати адлияи Туркия хабар дод.

Духтаронам вақте пулисро диданд, тарсиданд. Онҳо аз тариқи шабакаҳои телевизиони Туркия мебинанд, ки пулис хона ба хона гашта мардумро боздошт мекунад.

Аз ҷумла, Анкара омӯзгорони литсейҳои туркӣ дар Қазоқистонро ба пайравӣ аз Фатҳуллоҳ Гулен муттаҳам карда, аз Остона хостааст, барояшон паноҳандагӣ надиҳад. Мақомоти Туркия Фатҳулло Гулен ва пайравонашро барои ташкили кӯшиши табаддулоти тобистони соли гузашта айбдор мекунанд. Дар пайи ин ҳодиса бо дархости Анкара чандин мактаби туркӣ дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон ё баста шуданд, ё номи худ иваз намуданд.

Усмон Демирал
Усмон Демирал

Чанде аз омӯзгорони литсейҳои туркӣ баъд аз баста шудани мактабҳо ва бозгашт ба ватани худ боздошт шуданд. Омӯзгорони дигар аз бозгашт ҳарос доранд. Барои баргардонидани онҳо ҳукумати Туркия аз роҳи фишор болои кишварҳое кор мегирад, ки дар он ҳанӯз литсейҳои туркӣ фаъоланд.

Аз ҷумла, ҳоло ин кишвар аз Қазоқистон талаб дорад, ки мактабҳои туркиро баста, омӯзгоронро ба ватанашон интиқол диҳанд. Усмон Демирал, яке аз ин омӯзгорон аст. Ӯ дар литсейи собиқи қазоқиву туркӣ дар Павлодар, ки ахиран номашро ба литсейи омӯзишӣ-инноваттсионӣ иваз кард, дарс мегӯяд.

Оқои Демирал солҳост дар Қазоқистон зиндагӣ дорад. Даҳ моҳи пеш мӯҳлати шиносномаи духтаронаш ба охир расид ва ӯ барои тамдиди ин санадҳо ба сафорати Туркия дар Қазоқистон муроҷиат кард. Вале масъулини сафорат ба ин дархости ӯ посухи рад дода, хостанд, барои таҳияи санадҳо ба Туркия баргардад. Вале муаллим аз тарси боздошт ва зиндон шудан барнагашт. Моҳи августи имсол пулиси хадамоти муҳоҷирати Қазоқистон ҳам ба суроғаш омад. Усмон Демирал охири

Шаҳрвандони дигари Туркия, ки бо литсейҳо рабте надоранд, зимни муроҷиат ба сафорати кишвари худ ҳеч мушкил нахоҳанд дошт.

ҳафта дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, “духтаронам вақте пулисро диданд, тарсиданд. Онҳо аз тариқи шабакаҳои телевизиони Туркия мебинанд, ки пулис хона ба хона гашта мардумро боздошт мекунад. Кӯшиш кардам духтаронамро, ки беист мегиристанд, ором намоям. Пулис аз мо шиноснома пурсид ва гуфт, ки муҳлаташон гузаштааст. Вале ман гуфтам, ин набояд барои шумо хабари нав бошад. Чун ман ҳанӯз моҳи апрел ба ин хадамот муроҷиат кардаву гуфта будам, ки сафорати Туркия шиносномаҳои моро тамдид намекунад.”

Ба нақли Усмон Демирал, кормандони хадамоти муҳоҷират талош кардаанд ба раҳбари мактабе, ки ӯ дар он кор мекунад, фишор оранд. Онҳо таъкид кардаанд, ки вақте мӯҳлати шиносномаи кӯдакон барои будубош дар як кишвар гузашт, падари онҳо ҳам набояд дар он кишвар кору зиндагӣ кунад.

Вале раҳбари мактаб аз омӯзгори худ ҳимоя кард ва хилофи такъкидҳои пулиси муҳоҷират ӯро аз кор наронд. Баъд аз ин оилаи Демиралро барои як муддат ором гузоштанд.

Исо Алантиш
Исо Алантиш

Як омӯзгори дигари турк ҳам айнан дар ҳамин ҳолат қарор дорад. Исо Алантиш ҳам қаблан дар литсейи туркӣ кор мекард ва бо иваз шудани номи ин литсей ӯ кори худро дар ин муассиса идома дод.

“Шаҳрвандони дигари Туркия, ки бо литсейҳо рабте надоранд, зимни муроҷиат ба сафорати кишвари худ ҳеч мушкил нахоҳанд дошт. Ба онҳо бидуни мушкил шиносномаи нав медиҳанд. Ин ҳам як далели он аст, ки моро баробари бозгашт боздошт хоҳанд кард”, - гуфт ӯ.

Ҳуқуқшиносон мегӯянд, ба далели набуди шиноснома, кӯдакони омӯзгорон наметавонанд ба кишвари сеюм бираванд, ё умуман аз Қазоқистон берун шаванд. Алибек Смаилов, ҳуқуқдони қазоқ мегӯяд, “кӯдакони онҳо наметавонанд аз назорати марзӣ бигзаранд. Зеро мӯҳлати шиносномаи онҳо гузаштааст. Кишвари сеюм мисли Олмону Фаронса ва ҳар кишвари дигари аврупоӣ ҳам онҳоро бо ин вазъ қабул нахоҳанд кард.”

Фатҳуллоҳ Гулен
Фатҳуллоҳ Гулен

Мушкили омӯзгорони турк барои тамдиди санади будубош дар Қазоқистон дар ҳолест, ки миёнаҳои моҳи сентябр, президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар посух ба суоли хабарнигорон дар ин маврид мавқеи худро рӯшан карда буд. Ӯ зимни муроҷиат ба ҳукумати Туркия гуфт, “11 муаллими туркро, ки ҳамдастиашон дар омодагӣ ба табаддулот исбот шуда буд, ба ватанашон баргардондем. Қисме дархости сафар ба кишвари сеюмро кард. Вале гурӯҳи инҷо боқимонда ягон гуноҳ надоранд. Агар шумо барои мо далел биёред, мақомоти интизомӣ метавонанд якҷо ин масъаларо таҳқиқ кунанд. Вале мо наметавонем дасти одамони бегуноҳро баста, ба шумо супорем. Мо маслиҳат кардем ва умедворем, ки ин мушкил пушида шуд.”

Ин мавқеи президенти Қазоқистон омӯзгорони туркро дилгарм кард ва онҳо бо муроҷиат ба хадамоти муҳоҷират аз ин кившар дархости паноҳандагӣ карданд. Вале ин умеди онҳо барбод рафт. Усман Демирал, ки дар Қазоқистон кор мекунад, гуфт, “мо ба утоқи корӣ даромадем. Ман болопӯши кӯдаконро кашидам. Комиссиюн аз 8 нафар иборат буд. Ҳанӯз нанишаста ба мо гуфтанд, шумо озод ҳастед. Ман дар ҳолати шок будам, фикр кардам онҳо шӯхӣ доранд. Мо барои ин рӯз 3 моҳ омодагӣ дидем, далел ва санад ҷамъ овардем. Мо касеро накуштаем, ягон ҷиноят содир накардем. Ҳатто ба афроди қотил ҳам пеш аз ҳукми қатл, сухани охирин дода мешавад. Вале ба мо ин ҳуқуқ дода нашуд.”

Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев

Баъд аз чанд рӯзи ин ҳодиса, хонаводаи омӯзгорон, Демирал ва Алтиниш, расман аз шӯъбаи хадамоти муҳоҷират ба дархости худ оид ба паноҳандагӣ посухи рад гирифтанд. Масъулин гуфтаанд, далелҳои пешниҳодкардаи онҳо барои таъқибу хатарнок будани бозгашташон ба Туркия кофӣ нест. Далели дар боздошт будани ду бародари Демирал дар Туркия ҳам, ки ҳарду муаллим буданд, пулиси Қазоқистонро қонеъ накардааст.

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон, ки хадамоти муҳоҷират тобеи он аст ин қазияро шарҳ надода, аз вазъи ду омузгори турк бехабарӣ кардааст. Ҳуқуқдонҳо талош доранд, аз болои қарори хадамоти муҳоҷират ба додгоҳ шикоят баранд. Сафорати Туркия дар Остона ба суоли хабарнигорон ҳам дар ин робита посух надодааст. Вале Олҷас Худойберганов, як хатмкардаи собиқ литсейи қазоқӣ-туркӣ бар ин бовар аст, ки ин ҳама натиҷаи фишорҳои Туркия болои Қазоқистон аст. “Хеле бад аст, агар Қазоқистон заҳмати ин омӯзгоронро қадр накунад. Онҳо чанд соли умри худро ба кӯдакон ва маорифи Қазоқистон бахшиданд. Ин литсейҳоро 35 ҳазор кӯдак хатм кард ва нодуруст мебуд, агар кишвар барои иҷрои талаби сафорати Туркия иқдоме бигирад.”

Дар ҳамин ҳол, дар шабакаҳои иҷтимоии Қазоқистон ба тарафдорӣ аз муаллимони турк як маърака ё флешмоб ҷараён дорад. Хатмкардаҳои литсейҳои туркӣ, аз омӯзгорони худ ёд карда, бо онҳо миннатдорӣ мекунанд. Литсейҳои қазоқиву туркӣ дар ин кишвар аввалин муассисаҳои таълимии хориҷӣ буданд, ки баъди ба истиқлол расидани Қазоқистон дар ин кившар фаъол шуданд.

Бо ташаббуси бунёди ҷаҳонии KATEV дар Қазоқистон 27 литсейи давлатӣ ва 3 ғайридавлатӣ, ду мактаби байналмилалӣ ва ду коллеҷу донишгоҳе бо номи Сулаймон Демирал ба кор шурӯъ кард. Тобистони соли гузашта баъди кӯшиши табаддулот дар Туркия мисли аксар кишварҳо Тоҷикистон низ калимаи туркиро аз номи ин литсейҳо бардошт ва ҳоло ин муассисаҳо бо номи дигар фаъолиятро идома медиҳанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG