Йоав Галант рӯзи 28-уми октябр дар баёнияе гуфт, "мо барои дифоъ аз шаҳрвандони Исроил ва ҳифзи амнияти онҳо омодаем. Мо амалиёти низомиро дар шимол, марказ ва ҳама ҷо анҷом медиҳем."
Ҳавопаймоҳои Исроил рӯзи шанбе ҳамлаҳоро ба Навори Ғазза афзоиш доданд ва мардуми минтақаи муҳосирашуда бо ҷаҳони берун ҳеч иртибот надоштанд. Нерӯи барқ низ қатъ шудааст.
Мақомоти Исроил хостаанд, ки сокинон аз шимоли Ғазза бикӯчанд, чун нерӯҳои "Ҳамос" дар онҷо ва дар зери замин пинҳон шудаанд. Фаластиниҳо мегӯянд, ягон ҷойи амн намондааст ва ҳамлаҳо дар қисмати ҷануби Ғазза низ хонаҳоро вайрону валангор мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, нигарониҳо дар бораи буҳрони башарӣ дар Навори Ғазза бештар шудааст. Мудири Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ мегӯяд, ба сабаби набудани иртибот ва қатъи нерӯи барқ кори "Ёрии таъҷилӣ" ва ба ҷойи амн бурдани беморон мушкил шуда, мардум аз паноҳгоҳҳои амн маҳрум ҳастанд.
Вазорати тандурустии зери назорати "Ҳамос" рӯзи шанбе эълом кард, ки 12 бемористон ва 46 нуқтаи тиббӣ ба сабаби ҳамлаҳои Исроил ё камбуди сӯзишворӣ дар ин минтақа баста шуданд. Расонаҳо имкони тасдиқи мустақилонаи ин оморро надоранд.
Ба гузориши “Рейтерс”, чанд рӯзноманигор вазъиятро дар Навори Ғазза бад тасвир кардаанд. “Дар инҷо на интернет аст, на хадамот, на сӯзишворӣ барои ҳаракати мошинҳо, на барқ ва на чизи дигар," -- гуфтааст рӯзноманигор Плестия Алақад дар наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Раисиҷумҳури Туркия аз Исроил хост, ҳамлаҳоро ба Ғазза ҳарчи зуд поён диҳад. Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт, ки “бомбаборонҳо занону кӯдакон ва шаҳрвандони бегуноҳро ҳадаф гирифта, буҳрони доманадори инсониро амиқтар кардааст”.
Вай рӯзи 28-уми октябр дар як гирдиҳамоӣ дар миёни ҳазорҳо тарафдораш низ гуфт, "Исроил муртакиби ҷинояти ҷангӣ мешавад". Дар вокуниш ба ин изҳорот, вазири корҳои хориҷии Исроил гуфт, дипломатҳои худро аз Туркия фаро хондаанд, то муносибатҳоро бо Анкара аз нав арзёбӣ кунанд.
Ин вазъ наздикони баъзе аз гаравгонҳои исроилиро нигарон кардааст. Онҳо метарсанд, ки тавсеаи амалиёти низомии Исроил дар Ғазза ба талошҳои озодии наздикони онҳо аз дасти “Ҳамос” халал хоҳад расонд.
Ҷанги Исроил ва нерӯҳои “Ҳамос” се ҳафта боз идома дорад.
Вазорати тандурустии зери назорати “Ҳамос” рӯзи шанбе шумори кушташудаҳои фаластиниро дар се ҳафтаи охир зиёда аз 7700 нафар гуфт. Бар асоси ин гузориш, 3500 нафари онҳо кӯдакон будаанд.
Мақомоти Исроил мегӯянд, дар ҳамлаи гуруҳи “Ҳамос” ба ҷануби ин кишвар дар рӯзи 7-уми октябр беш аз 1400 кас кушта ва зиёда аз дусад нафар гаравгон афтодаанд.
Дар ҳоле ки созмонҳои байнулмилалӣ ва баъзе аз кишварҳо ду тарафро ба оташбас мехонанд, Телавив мегӯяд, дар пайи нобудии гуруҳи фаластинии “Ҳамос” аст.
Гуфтугӯ