Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркишҳо ва қатъи интернет. Афзоиши ҳамлаҳои Исроил аз замину ҳаво ба Ғазза. ВИДЕО


Исроил ҳамлаҳои ҳавоиро ба Навори Ғазза бештар карда, ваъда додааст, ки шаби шанбе амалиёти нерӯҳои заминияшро дар ин минтақаи муҳосирашуда "густариш" хоҳад дод.

Шоми 27-уми октябр дар Навори Ғазза чанд таркиши сахт рӯй дод ва сипас интернету иртиботи мобилӣ дастнорас гардид.

Салиби Сурх, Ҳилоли Аҳмари Фаластин ва созмонҳои дигар мегӯянд, ки бо гурӯҳҳои мададрасон дар Ғазза тамос надоранд.

Манобеи фаластинӣ гуфтанд, ин ҳамлаи сахттарини ҳавоии Исроил ба Навори Ғазза аз оғози ҷанг миёни ин кишвар ва гуруҳи “Ҳамос” дар се ҳафтаи охир аст. Ҳоло саросари ин минтақа зери бомбаборон монда, дар ҳама ҷо садои таркиш шунида мешавад.

Сухангӯйи артиши Исроил гуфт, фаъолиятҳои заминии онҳо барои даст ёфтан ба ҳадафҳои ҷангӣ бештар шуда, нерӯҳои ин кишвар суръати амали худро афзоиш додаанд.

Ба қавли Даниел Ҳагарӣ, нерӯҳои ҳавоии Исроил дар ҳоли анҷоми ҳамлаҳои густарда ба нақбҳо ва зербунёдҳои дигари гуруҳи фаластинии “Ҳамос” ҳастанд.

Гурӯҳи фаластинии “Ҳамос” аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ҳарчи зуд дастбакор шавад. Дар эъломияаш аз 27-уми октябр омадааст: "Аз кишварҳои арабӣ ва исломӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳем, ки масъулиятро ба ӯҳда бигиранд ва барои пешгирӣ аз ҷиноятҳо ва қатли оми мардуми мо иқдоми фаврӣ анҷом диҳанд."

Исроил мегӯяд, ҳадафи аслияш маҳви “Ҳамос” аст. Ҷангҷӯёни ин гурӯҳ рӯзи 7-уми октябри имсол ба қаламрави Исроил ҳамла карда, беш аз 1400 касро куштанд ва даҳҳо тани дигарро гаравгон гирифтанд.

“Ҳамос” мегӯяд, дар ҳамлаҳои пайдарҳами Исроил дар се ҳафтаи охир дар Навори Ғазза зиёда аз 7300 кас кушта шуданд. Қисме аз онҳо кӯдакону наврасон ҳастанд.

Ҳамлаҳои ҳавоӣ ба Ғаззаи муҳосирашуда боис ба буҳрони башарӣ шудааст. Филип Лазарини, комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагони фаластинӣ, гуфт, Ғазза ба кумаки қобили мулоҳиза ва давомдор ниёз дорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG