Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ин вазъ ба зарари мардуми одӣ аст" ВИДЕО


Сокинон дар Тоҷикистон мегӯянд, пайомадҳои болоравии беисти нархи гази моеъро дар зиндагии худ эҳсос мекунанд. Ба қавли онҳо, ронандагон роҳкироро ба маротиб боло бурдаанд, на танҳо аз самти Душанбе ба минтақаҳои дигар, балки дар дохили пойтахт низ. Хадамоти зиддиинҳисорӣ вазъро шарҳ намедиҳад.

“70-80 сомонӣ мегӯянд”

Ронандагон мегӯянд, агар нархи роҳкироро боло набаранд, харҷҳоро пӯшонда наметавонанд. Мусофирон талаб доранд, ки бояд аз афзоиши арзиши роҳкиро пешгирӣ карда шавад.

Сайрамбӣ Гулмирзоева рӯзи 27-уми октябр дар истгоҳи мусофирбарҳои Душанбе-Кӯлоб зиёда аз ду соат мунтазир монд, то ба нархи арзонтар ба Кӯлоб равад. “Зӯри на ҳама ба роҳкирои гарон мерасад ва бояд барои ҳалли ин мушкил чораҷӯйӣ шавад,” – шикоят кард ӯ.

“Пештар бо 50-60 сомонӣ ба Кӯлоб мерафтем. Ҳозир 70-80 сомонӣ мегӯянд. Мехоҳем, ки арзон кунанд, одамон бе мушкил раванду биёянд," – гуфт хонум Гулмирзоева. Дар истгоҳи мусофирбарҳои Душанбе-Кӯлоб ва Душанбе-Рашт теъдоди мошинҳо ва мусофирон бисёр кам ба назар мерасид. Аксар мусофирон намехоҳанд бе зарурат ва бо нархи гарон ба минтақаҳо сафар кунанд.

Ронандаҳо дар навбати худ шикоят доранд, ки як литр гази моеъ то 8 сомонӣ расидаасту фоидаи чандон намегиранд. Ба қавли Раҳмоналӣ Ҷононов, ронандаи мусофирбари самти Душанбе-Рашт, “ин вазъ барои мо ҳам муносиб нест. Чор мусофир мегирем. Дар маҷмуъ 320 сомонӣ мешавад. Ба тақрибан 300 сомонӣ газ мехарем. Боқимондаашро мехӯрем ва шабро дар онҷо рӯз мекунем. Нархро баланд кунем, мардум савор намешаванд."

“Мебардоранд, вале намефароранд”

Ширкатҳои хадамоти таксӣ дар дохили пойтахт расман роҳкироро боло набурдаанд, аммо таксиҳои ба истилоҳ “7 сомонӣ” акнун нархро барои як нафар то 10 сомонӣ муқаррар кардаанд.

Саидашраф Хушвақтов, сокини Душанбе, мегӯяд, “вақте сабаб мепурсем, гарон шудани нархи газро баҳона меоранд. Чунин ҳолат ба зарари кисаи ҳар шаҳрванди одӣ аст. Вақте нархи сӯзишворӣ баланд аст, роҳкироро мебардоранд, вале дигарбора поин намеоранд.”

Тақрибан ду моҳ пеш нархи як литр гази моеъ дар Тоҷикистон 3-4 сомонӣ буд. Сипас нарх бошиддат боло рафт ва ҳоло дар баъзе аз нуқтаҳои сӯзишворӣ дар Душанбе то 8 сомониву 50 дирам фурӯхта мешавад. Илова ба ин, газ камчин шудааст.

Пештар намояндагони Хадамоти зиддиинҳисорӣ (зиддимонополӣ), масъули танзими нархҳо дар Тоҷикистон, гарон шудани гази моеъро падидаи муваққатӣ номида, бе шарҳи бештар гуфта буданд, ки он ба шароити воридот аз Қазоқистон вобаста аст. Рӯзи 27-уми октябр дар ин ниҳод барои шарҳи мавзуъ номаи расмӣ талаб карданд.

Бахши калони гази моеъро ба Тоҷикистон аз Қазоқистон меоранд. 14 ширкат ба ин кор машғуланд. Ба иттилои расмӣ, дар нимаи аввали имсол ба кишвар беш аз 450 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ оварда шудааст.

Видеоро дар инҷо бинед:

Қимати газ нархҳоро дар Тоҷикистон тағйир дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:33 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG