Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садҳо тоҷирро барои боло бурдани нарх ҷазо доданд. Вазъ тағйир ёфт?


Дар пайи санҷиши мақомот дар бозорҳои кишвар садҳо тоҷир барои беасос боло бурдани нарх муҷозот шудаанд.  

Санҷиш аз сӯйи Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон гузаронида шуда, ба иттилои масъулини ин ниҳод аз ҳисоби ҷаримаи соҳибкорон ба буҷаи давлат бештар аз шаш миллион сомонӣ ворид шудааст.

Сокинон мегӯянд, ҷаримаву ҳабс роҳи ҳал нест ва мақомот бояд чораҳои дигари поин овардани нархи маҳсулотро биандешанд.

Дар Тоҷикистон сокинон пайваста аз боло рафтани қимати маҳсулот, бахусус хӯрокворӣ, дар бозорҳои кишвар шикоят мекунанд.

Сафаралӣ Қурбонзода муовини раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ, рӯзи 4 август дар нишасти хабарии ин ниҳод, дар Душанбе гуфт, назоратро аз рӯйи нархгузорӣ сахттар карданд. Ӯ гуфт: “Барои муайян намудани сабабҳои болоравии нархи маҳсулот дар бозор ва пешгирии баландшавии беасоси он Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар чанде аз субъекти хоҷагидор санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ гузаронид, ки дар натиҷаи онҳо қонунвайронкунӣ ошкор шуда маблағи 6 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ошкор ва ба буҷаи давлат гузаронида шуд”.

Аммо баъзе аз мусоҳибони Радиои Озодӣ дар бозорҳои пойтахт гуфтанд, назорат аз болои гароншавии нархҳо муассир нест ва ҷаримаи тоҷирон низ вазъро беҳтар намекунад.

Фарҳод Каримов як сокини шаҳри Душанбе, ки бознишаст аст, гуфт: “Ҳоло мавсими тарбузу харбуза аст, вале бинед, ки нархашон арзон нест ё чанд рузи ахир арзиши кабудӣ ҳатто боло рафтааст. Ин маҳсулот аз хориҷа ворид намешавад. Ҳамааш дар ватани худамон аст. Бояд танзим кунанд вагарна мардум имкони хариданашро надорад”

Афзоиши нархи маҳсулот дар Тоҷикистон зиндаги мардуми бекору камдаромад ва хонаводаҳои фақирро, ки шумораашон кам нест, мушкилтар кардааст.

Соҳибкорони тоҷик дар посух ба танқиди харидорон, аз гаронии молиёту санҷишҳои зиёд шикоят доранд

Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ниҳоди танзимкунандаи нарх дар бозорҳои кишвар, маъмулан танҳо пас аз 20 дарсад гарон шудани нархи молу маҳсулот дар як моҳ, ҳаққи дахолат ба онро дорад. Айни замон пинҳон намедоранд, ки бо вуҷуди ин дасти кӯтоҳтаре доранд ва дар ҳама ҳолат наметавонанд ба "бесарусомонӣ" дар нархи бозорҳо таъсир расонанд.

“Агар кормандони Хадамоти зиддиинҳисорӣ 50 нафарро ташкил диҳанд, соҳибкорон барои мисол танҳо дар як бозори "Меҳргон" 1500 нафарро ташкил медиҳанд. Ҳар яки онҳоро назарот кардан осон нест. Бигзор онҳо аз руи инсоф маҳсулоташонро ба фуруш гузоранд. Лекин новобаста ба ин хадамот дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти давлатӣ сафарбар шуда ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани нарх корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем.” - гуфт Сафаралӣ Қурбонзода муовини раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ.

Ба таъкиди муассисаҳои байнулмилалии молӣ, иқтисоди Тоҷикистон, дар баробари таконҳои берунии иқтисодӣ осебпазир аст. Бозоршиносон бар ин назаранд, ки бо таваҷҷӯҳ ба чунин вазъ, мақомотро зарур аст, ба истеҳсоли маҳсулоти худӣ таваҷҷуҳ кунанд ва пойбандиро аз молҳои воридотӣ камтар намоянд.

Иқтисоддонҳо мегуянд, роҳи ҳалли масъала беҳтар кардани шароити соҳибкорон ва дуруст ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ аст. Чизе, ки мақомоти Тоҷикистон борҳо ба сари он таъкид кардаанд, вале зоҳиран дар амал иқдоме нагирифтаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG