Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи тарбузу харбуза боло рафт. Мушкил дар ҳосил аст ё тоҷир?


Гармои шадид дар Тоҷикистон талабот ба маҳсулоти полезиро зиёд кардааст, аммо ду баробар боло рафтани нархи тарбузу харбуза дар бозорҳои пойтахт, сокинонро нигарон кардааст.

Ба гуфтаи харидорон ҳоло навъҳои хубу маъруфи харбуза аз гушт ҳам қиматтар шудааст. Кишоварзон дар болоравии нарх миёнравҳоро айбдор мекунанд.

Нархи як дона харбузаи навъи аъло ва ба истилоҳ “Торпедо” дар бозорҳои Душанбе то ба 75 сомонӣ расидааст. Ҳамин тавр агар чанд рӯз қабл сокинон як тарбузи миёнаро то 15 сомонӣ мехариданд, ҳоло нархи он аз 30 то ба 50 сомонӣ мерасад.

Харбуза, ки "торпедо" ном гирифт, нархаш ҳам ба осмон бархӯрдааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00

Харидорон дар бозори “Меҳргон”-и Душанбе аз болоравии арзиши полезиҳо шикоят мекунанд, аммо мегӯянд, дар фасли гармо ночор мехаранд. “Қиммат аст, вале рӯзҳое, ки даркор мешавад мехарем”- гуфт, Маҷид сокини Душанбе, ки барои харид ба бозор омадаву нархи полезиҳо ҳайронаш карда буд.

Сокинон бар ин боваранд, ки чун маъмул бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши талабот ба ин навъи маҳсулот тоҷирон нархро боло бурда, даромади бештар гирифтан мехоҳанд. Аммо савдогарон ин иддаоҳоро рад мекунанду сабабро ба кам шудани ҳосили он рабт медиҳанд.

Раҷабалӣ Икромов, фурӯшандаи полезиҳо дар бозори “Меҳргон” гуфт: “Соли гузашта нархи як дона тарбуз 10-15 сомонӣ буд, имсол қимматтар. Имсол ҳосилаш камтар аст, чункӣ баҳор хунукӣ ҳам зад. Ин полезиҳо ҳама маҳсулоти худамон аст.”

Аммо вазъ дар нуқтаҳои чакана ва яклӯхтфурушӣ дигар аст. Мушоҳидаи хабарнигори Озодӣ дар яке аз чунин нуқтаҳо нишон дод, ки нархи полезиҳо тақрибан ду баробар фарқ дорад. Арзиши тарбузро дар яклухтфурӯшиҳо аз 5 сомонӣ сар мешавад.

Кишоварзон мегӯянд, сабаби болоравии нархи тавлидоти полезӣ дар бозорҳои дигари Душанбе ва навоҳии атрофи пойтахт талоши миёнаравҳо барои ба даст овардани фоида аст.

Дар ҳоле, ки бархе аз савдогарони бозори “Меҳргон” болоравии нархро ба камчин шудани ин навъи маҳсулот рабт медиҳанд, масъулини ин бозор баръакс мегӯянд, нарх имсол арзонтар аст.

Алишер Наимов, масъули бозори “Меҳргон” гуфт, ҳамарӯза беш аз панҷоҳ мошини борбари пур аз маҳсулоти полезӣ вориди бозорҳои пойтахт мешаванд ва ҳосил фаровон аст.

“Нархи полезиҳо имсол дар муқоиса бо соли гузашта 20-30 дарсад арзонтар аст. Имсол ҳосил хеле зиёд аст. Дар сари замин ҳам ҳанӯз ҳосил зиёд аст. Ба Қазоқистон ва Русия ҳам полезиҳо содирот мешаванд ва ба гуфтаи худи кишоварзон дар сари заминашон мошинҳои зиёде бо шумораҳои автомобилии ин кишварҳо дида мешаванд. – афзуд, вай.

Бино бар иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар нимсолаи аввал дар кишвар беш аз 15 ҳазор тонна ҳосили тарбузу харбуза ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5,4 дарсад бештар будааст.

Мақомот мегӯянд, баҳори имсол кишоварзони тоҷик дар 22,6 ҳазор гектар замин полезӣ кишт карда, содироти ҳосили тарбуз ва харбуза ҳам аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ 47,2 дарсад бештар шудааст. Тоҷикистон қасд дорад, дар соли ҷорӣ ҳосили ҳудуди 3,5 миллион тонна сабзавот ва полезиро ҷамъоварӣ кунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG