Томмазо Делла Лонга, сухангӯйи Федератсияи Байнулмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, вазъро дар Ғазза "фалокатбор" хонд. Ӯ мегӯяд, "намояндагони мо дар Ғазза аз камбуди дору, хӯрок ва сӯзишворӣ хабар доданд."
"Ҳилоли Аҳмари Фаластин ду бемористонро идора мекунад, яке дар Ғазза ва дигаре дар Хон Юнус. Дар ҳарду ҳолат нерӯи барқро аз генераторҳо мегиранд. Онҳо гуфтанд, ки сӯзишоврӣ барои як рӯзи дигар базӯр мерасад. Ҳоло баъзе аз қисматҳои бемористонҳо бе барқ мондаанд," – афзуд Лонга.
Аз оғози ҷанг байни "Ҳамос" ва Исроил зиёда аз чорсад ҳазор фаластинӣ маҷбур шудаанд, ки хонаҳои худро дар Навори Ғазза тарк кунанд. Исроил гузаргоҳи Эрезро ба муддати номуайян бастааст.
Томмазо Дела Лонга мегӯяд, "мардум дар ҳолати ноумедӣ ҳастанд. Аз кормандони беморхонаи Ҳилоли Аҳмари Фаластин дар Ғазза се дафъа талаб карда шуд, ки онҷоро тарк кунанд. Мегӯянд, барои берун бурдани беморон ягон восиставу шароит ва роҳ надоранд. Аз ин рӯ, тасмим гирифтанд, ки онҷо бимонанд."
Дар ҳамин ҳол, ҳазорон паноҳҷӯ ба сарҳади Ғазза ва Миср рафтаанд ва ин боис шуд, ки Қоҳира чораҳои амниятиро сахттар кунад. Ба навиштаи нашрияи Jerusalem Post, Миср то кунун аз кушодани гузаргоҳҳо ба рӯйи паноҳҷӯёни Ғазза худдорӣ мекунад.
Миретт Мабрук аз Пажӯҳишгоҳи Ховари Миёна гуфт, "нигаронии Миср аз он аст, ки агар ин одамон аз Навори Ғазза ронда шаванд, ба онҳо ҳеч гоҳ иҷозаи дубора даромадан дода нахоҳад шуд."
"Исроил ҳамроҳи Амрико аз Миср хост, аввал ба вуруди фаластиниён ва дувум ба хуруҷи шаҳрвандони хориҷӣ иҷозат диҳад. Дар масъалаи дувум, Миср гуфт, метавонем шаҳрвандони хориҷиро раҳо кунем, аммо дар сурате ки ба ирсоли ёрии башардӯстона иҷозат дода шавад," -- шарҳ дод ӯ.
Афроди мусаллаҳи "Ҳамос" рӯзи 7-уми октябри имсол ба таври ногаҳонӣ ба Исроил ҳамла карда, садҳо нафарро куштанд ва даҳҳо касро гаравгон гирифта, ба Ғазза бурданд.
Исроил бо зарбаҳои ҳавоӣ ба Ғазза ва вайрон кардани маҳаллаҳо интиқом гирифт. Ҳазорҳо нафар куштаву захмӣ шуданд. Ҷанги бадтарине, ки дар 75 соли охир байни фаластиниён ва Исроил рӯй аланга зад, ҳанӯз ҷараён дорад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Гуфтугӯ