Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози сокинони Қарағанда ба сӯзондани партовҳои тиббӣ


Сокинони шаҳри Қарағандаи Қазоқистон талаб доранд, ки корхонаи сӯзонидани партовҳои тиббӣ аз назди биноҳои зист, чоҳи об ва корхонаи коркарди ғалла кӯчонида шавад.

Онҳо ин талаби худро рӯзи 17-уми октябр дар мулоқот бо намояндагони мақомот ва ширкати "Утилизация ЛТД", ки партовҳои тиббиро дар шаҳр месӯзонад, ироа карданд.

Як гуруҳ аз сокинони Қарағанда чанд рӯз пеш ба нишони эътироз дар назди коргоҳи ширкат ҷамъ шуданд. Намояндагони ширкат ба назди онҳо баромада, эътирози онҳоро "таҷаммуи бидуни иҷозат" номиданд.

Сипас сокинон ба шаҳрдорӣ муроҷиат карда, хостори мулоқот бо намояндагони мақомот ва ширкат шуданд. "Мо барои ҳифзи саломатии худ ҳуқуқи комил дорем. Магар саломатии мо аз ҳамон дастгоҳҳои тозакунии шумо арзонтар аст?", - изҳор дошт сокини маҳаллӣ Александр Чирясов дар мулоқот.

Сокинон баъди огаҳ шудан аз лоиҳаи афзоиши ҳаҷми коркарди партов дар корхона, барои кӯчонидани он аз назди биноҳои зист ҷамъоварии имзоро шуруъ кардаанд. То ҳол зери он 700 кас имзо гузоштааст.

Намояндагони ширкат дар мулоқот гуфтанд, соли 2022 дастгоҳҳои заруриро барои ифлос накардани ҳаво насб кардаанд. Эътирози сокинонро "кушиши аз бозор берун кардан"-и ширкат номиданд.

Сардори Департаменти экологияи Қарағанда Дархон Исжанов дар вохӯрӣ изҳор дошт, ки мушкил дар кори ширкат вуҷуд дорад ва онҳо то 15-уми ноябри имсол муҳлат додаанд, ки камбудиҳо бартараф карда шавад.

XS
SM
MD
LG