Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Беш аз як миллион сокини Ғазза хонаҳояшонро тарк кардаанд


Гузаргоҳи Рифоҳ дар марзи Ғазза ва Миср
Гузаргоҳи Рифоҳ дар марзи Ғазза ва Миср

Бештар аз 1 млн. кас маҷбур шудаанд, ки ба далели зарбаҳои Исроил манзилҳояшонро дар навори Ғазза тарк кунанд. Дар ин бора оҷонсии СММ дар умури кӯмак ба паноҳандаҳои фаластинӣ ва ташкили кор (UNRWA) хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, тақрибан 400 ҳазор кас дар мактабҳо ва биноҳои UNRWA паноҳ бурдаанд, аммо аксари ин биноҳо наметавонанд, паноҳгоҳ бошанд.

Пештар мақомоти Исроил ба сокинони навори Ғазза дастур доданд, ки то замони шуруъи амалиёти заминии сарбозони исроилӣ дар навори Ғазза манзилҳояшонро тарк кунанд. Мақомоти Исроил гуфтанд, низомиёни Ҳамос дар шаҳри Ғазза паноҳ бурдаанд ва зидди онҳо амалиёти заминӣ анҷом медиҳанд.

Ба иттилои Вазорати тандурустии Ғазза, дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии Исроил ҳадди ақал 2808 фаластинӣ дар навори Ғазза кушта шуда, 10 ҳазору 859 тани дигар ҷароҳат бардоштааст.

Бино ба иттилои охирини ҳукумати Исроил, дар натиҷаи ҳамлаи рӯзи 7 октябри Ҳамос бештар аз 1400 одам дар Исроил кушта шудааст. Артиши Исроил гуфт, ки Ҳамос бештар аз 155 касро асир гирифтааст.

XS
SM
MD
LG