Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чор зилзилаи дигар. Сокинони Ҳирот аз тарс шаҳрро тарк мекунанд


Пайомади заминларза дар шаҳри Ҳирот
Пайомади заминларза дар шаҳри Ҳирот

Субҳи якшанбеи 15-уми октябр чор заминларзаи дигар бархе минтақаҳои Афғонистон аз ҷумла шаҳри Ҳиротро такон дод. Идораи зилзилашиносии Амрико гузориш додааст, ки яке аз зилзилаҳо соати 9:34 ба вақти маҳаллӣ дар 30-километрии Ҳирот рух дода, қувваи он 6,3 балл буд.

Ба қавли ҳамин манбаъ, заминларзаи дигар соати 9:56 дар Ҳирот бо шиддати 5,4 балл сабт шудааст.

Нисор Аҳмад Илёс, сухангӯи волии Ҳирот дар гуфтугӯ ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, дар пайи зилзилаҳои имрӯз як нафар ҷон бохта, 35 каси дигар захмӣ шудаанд.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ шумораи захмиёнро 120 нафар эълон карда гуфтааст, онҳоро ба беморхонаи Ҳирот интиқол додаанд.

Баъзе аз сокинони Ҳирот ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз заминларзаҳои пайиҳам тарсидаанд ва талош доранд ба ҷойи дигар раванд.

Субҳи 7-уми октябр заминларзае дар вилояти Ҳирот сабт шуд, ки дар пайи он беш аз 2 ҳазор нафар ҷонашонро аз даст доданд. Субҳи 11-уми октябр заминларзаи 6,3-дараҷаӣ бори дигар ғарби Афғонистонро такон дод.

XS
SM
MD
LG