Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ибрози ҳамдардии Тоҷикистон ба осебдидаҳои Ҳирот. ВИДЕО, АКС


Заминларзаи 6.3-дараҷаӣ рӯзи 7-уми октябр Ҳиротро такон дод
Заминларзаи 6.3-дараҷаӣ рӯзи 7-уми октябр Ҳиротро такон дод

Тоҷикистон ба осебдидагони заминларза дар Афғонистон ибрози ҳамдардӣ кард. Як намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба "Озодӣ" гуфт, ки дар сурати дастури ҳукумат ба кумак омодаанд. Намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ ба "Азия-Плюс" гуфтааст, ният доранд, ба онҷо маводи ниёзи аввал фиристанд.

Сокинони минтақаҳои осебдида дар Ҳироти Афғонистон мегӯянд, ба ёриҳои фаврӣ ниёз доранд, то битавонанд дар остонаи зимистон хонаҳои вайроншудаи худро тармим кунанд.

Теъдоде аз осебдидагон дар Ҳирот рӯзи 9-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, то ҳоло кумакҳои заруриро дарёфт накардаанд. Замира Ризоӣ, яке аз онҳо, гуфт, "хайре, кумаке ба мо нашуд. Хонаам вайрон гашт. Шавҳарам дар Эрон аст."

"Ниёзманд ҳастем. Дар фасли сармо ба хайма эҳтиёҷ дорем. Дар саҳро зарурат ба хӯроку пӯшок ва даво дорем. Дар хиёбонҳо ме‎хобем," -- шикоят кард яке аз зарардидаҳои дигар.

Рӯзи 9-уми октябр масъулони сафорати Афғонистон дар Душанбе ба хотири қурбониёни зилзилаи маргбор дар Ҳирот парчами кишвари худро пойин андохтанд. Ҳамзамон дар толори пазироии сафорат китоби сабти ҳамдардӣ бо мардуми Ҳирот гузошта шуд.

Хуршед Вализода, намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, рӯзи 9-уми октябр дар бинои сафорати Афғонистон дар Душанбе гуфт, "фикр мекунам, бо дастури ҳукумат Кумитаи ҳолатҳои фавқулода омода аст ба ҳама кишварҳои ҳамсоя кумак бирасонад."

Зимоми қудрат дар Афғонистон зиёда аз ду сол боз ба дасти гуруҳи "Толибон" аст. Дар ин муддат ҳеч кишваре онҳоро ба расмият нашинохт ва муносибатҳо низ одиву ҳамвор нест.

Сафири ҳукумати пешинаи Афғонистон дар Душанбе мегӯяд, вақте фоҷеаи инсонӣ рух додааст, набояд бо дарназардошти омилҳои сиёсиву мазҳабӣ кор кард.

Муҳаммадзаҳир Ағбар рӯзи 9-уми октябр гуфт: "Фикр мекунам, имрӯз баҳси сиёсиву ба расмият шинохтани "Толибон" матраҳ нест. Қурбонӣ ҳама мардуми Афғонистон ҳастанд. Ҷомеаи башарӣ бояд ба мардуми Афғонистон кумак кунад, на ба "Толибон".

Заминларза рӯзи 7-уми октябр дар вилояти Ҳирот рӯй дод. Бар асари он зиёда аз ду ҳазор кас ҷон бохта, ҳазорҳо нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Садҳо хона аз байн рафт.

Видеоро дар инҷо бинед:

Тоҷикон мегӯянд, омодаи ёрӣ ба осебдидаҳои Ҳирот ҳастанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:05 0:00
XS
SM
MD
LG