Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омори ношаффофи "тилои сафед". Аз пахтаи Тоҷикистон кӣ фоида мегирад?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Исфандиёри Одина, рӯзноманигори озод

Ба назар мерасад, бисёриҳо дар Тоҷикистон иттилоъ надоранд, ки 7-уми октябр рӯзи ҷаҳонии панба (пахта) аст, вагарна монанди ҷашнвораҳои кадуву харбузаву картошкаву пиёз шояд ҷашнворае барои панба ва панбакорон низ доштем.

Рӯзи ҷаҳонии панба ё пахта пешинаи тӯлоние надорад. Чаҳор сол пеш (2019) бо пешниҳоди чаҳор кишвари африқоии Бенин, Буркино Фасо, Чад ва Малӣ, ки ба “чаҳоргонаи панба” маъруфанд, аз сӯи Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ таъсис шуд. Созмони Милал ҳам дар охири моҳи августи 2021 бо тасвиби қатъномае онро пазируфт.

Ҳадаф аз таҷлил аз ин рӯз таъкид бар аҳаммияти панба ба унвони яке аз умдатарин колоҳои тиҷории мавриди доду ситад дар ҷаҳон аст. Ин рӯз фурсате муҳим барои ёдоварӣ аз нақши панба дар иқтисод, эҷоди ҷои кор ва тарроҳию тиҷорати либос аст.

Исфандиёри Одина
Исфандиёри Одина

Панбакорӣ аз бахшҳои умдаи иқтисоди Тоҷикистон аст, ки ба гуфтаи коршиносон пас аз алюминиюм арзи хориҷии бештарро ба кишвар ворид мекунад. Бо ин ҳол, ҳеч шаффофияте дар ин арса вуҷуд надорад, аз ҷумла даромади солонаи миллии Тоҷикистон аз парвариш ва фурӯши панба аслан рӯшан нест.

“Ресмони наҷот”

Бар асоси гузорише, ки Созмони Милал ба муносибати ин рӯз интишор дода, теъдоди 32 миллион нафар дар саросари ҷаҳон ба парвариши панба машғуланд, ки тақрибан ниме аз онҳоро занон ташкил медиҳанд. Дар маҷмуъ, беш аз 100 миллион хонавода дар 80 кишвари ҷаҳон аз парваришу пардозиши панба ва маҳсулоти тавлидшуда аз он нафъ мебаранд.

Торнамои расмии созмон мегӯяд: “Ин бад-он маъност, ки пушти ҳар пӯшоки панбаӣ, бо таваҷҷуҳ ба занҷираи тавлиду тиҷорати он, як ривояти шахсӣ нуҳуфтааст. Панба барои кишварҳои пешрафта, оре, муҳим аст, вале барои кишварҳои рӯ ба рушд ресмони наҷот аст.”

Рӯзи ҷаҳонии панба ҳар сол ба мавзӯи хоссе ихтисос дода мешавад. Мавзӯи имсолаи ин рӯз “Пойдор ва мунсифона кардани панба барои ҳама: аз киштзор то саҳнаи намоиши муд” эълом шудааст. Яъне таъмини адолат дар арсаи тавлиду фурӯши панба ва табдили панбакорӣ ба навъе иқтисоди пойдор ва фарогир барои ҳамаи ақшори ҷомеа аст.

Ин созмон мегӯяд, ки ба ин васила хоҳони шаффофияти бештар дар парваришу фурӯши панба, бозпардозии он, тавлид ва фурӯши маҳсулоти панбаӣ ва ҳамин тавр афзоиши огоҳии умумӣ дар бораи нақши панба дар иқтисод, тиҷорати ҷаҳонӣ ва коҳиши фақр аст.

“Тилои сафед”?

Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои панбакор аст ва пахта бахши умдае аз тавлидоти кишоварзии кишварро ташкил медиҳад. Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти панба дар иқтисод тоҷикон маъмулан онро “тилои сафед” меноманд. Вале ба назар мерасад, ҳеч навъ шаффофияте дар арсаи панбакорӣ дар ин кишвар вуҷуд надорад.

Торнамои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ки боистӣ омор ва иттилооти расмии арсаи кишоварзиро дар дастраси умум гузорад, дар замони таҳияи ин гузориш ҳеч иттилое дар бораи панба ва панбакорӣ надошт. Саҳифаи “пахтакорӣ” дар ин торнамо холӣ буд. Кумитаи омори Тоҷикистон ҳам иттилооти мушаххасе дар ин бора надорад.

Бо ин ҳол, тибқи матлабе, ки дар торнамои “Ҷумҳурият” мунташир шуда, дар соли гузашта (2022) ҳудуди 405 ҳазор тонна панба дар Тоҷикистон тавлид шудааст. Дар муқоиса бо даврони Шӯравӣ ин арқом баробар бо ҳаҷми тавлиди панба дар даҳаи 1950 аст.

Омори даврони Шӯравӣ баёнгари он аст, ки соли 1971 тавлиди панба дар Тоҷикистон ба ҳудуди 790 ҳазор тонна ва ҳафт сол баъд ба зиёда аз 900 ҳазор тонна расид. Дар соли 1980 аз марзи як миллион тонна фаротар рафт. Баъд аз истиқлоли кишвар панбакорӣ башиддат уфт кард ва дар соли 1999 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 316 ҳазор тонна панба тавлид шуда буд.

Чандкиштӣ

Тайи 20 соли гузашта ҳуҷҷатҳо ва барномаҳои гуногуне аз сӯи давлат барои ислоҳот ва рушди панбакорӣ қабул шуда, созмонҳои молии байнулмилалӣ ҳам пулҳои ҳангуфте ба ин кишвар додаанд, вале ба назар мерасад, ки ин барномаҳо то ба ҳол муассир набудааст.

Коҳиши панбапарварӣ дар замони истиқлоли Тоҷикистон сабабҳои гуногун дорад, аз ҷумла вайрон шудани зерсохтҳои кишоварзӣ, монанди тулумбаҳои обкашӣ ва васоили обёрӣ, дар замони ҷанги дохилӣ ва баъд аз он, аз байн рафтани низоми мудирияти муҷтамаъҳои иштирокии кишоварзӣ, чун колхозҳо ва бебандуборӣ дар ин замина.

Далели дигари коҳиши мазореи панба ин бошад, ки таҳти фишори созмонҳои молии байнулмилалӣ Тоҷикистон водор шуд, аз иқтисоди таккиштии панбамеҳвар ба иқтисоди чандкиштӣ рӯй оварад ва ба тавсеаи боғу полез бипардозад. Яъне ба ҷои панба дар бисёре аз заминҳо акнун маҳсулоти дигари кишоварзӣ парвариш мешаванд.

Бо ин ҳол, панба ҳамчунон ҷойгоҳи умдае дар иқтисоди Тоҷикистон дорад. Вале фоидаи он ағлаб ба ҷайби нухбагон ё афроди наздик ба табақаи ҳоким меравад. Гузоришҳо ҳокист, ки миллионҳо кишоварзи одӣ ҳеч даромаде ба ҷуз ғӯзапоя аз парвариши панба намегиранд. Бештари суди панба ҷайби соҳибони ширкатҳое меравад, ки ба ҳукумат наздиканд.

“Моҷарои рафта”

Фасод ва табоҳӣ дар арсаи кишоварзии Тоҷикистон аз ҳамон оғози даврони истиқлол ва рӯи кор омадани Эмомалӣ Раҳмон густариш ёфт. Аз миёнаҳои даҳаи 1990 ширкатҳои мавсум ба “фючерсӣ” аз сӯи шахсони наздик ба ҳукумат таъсис шуданд, ки бо қарзу бидеҳиҳои сохтагӣ аксар кишоварзони панбакорро дар саросари кишвар “хонахароб” карданд.

Давлат пули ҳангуфтеро, ки аз ёригарони хориҷӣ мегирифт, ба ин ширкатҳо медод ва онҳо бо муомилаҳои фасодомез бо раисони колхозҳо бисёре аз муҷтамаъҳои кишоварзиро қарздор карданд. Баъд ин қарзҳо ба дӯши мардум ва хонаводаҳои рустоие гузошта шуд, ки аъзои “колхозҳо” буданд. Ин бидеҳиҳо то соли 2007 ба беш аз 500 миллион доллар расид.

Соли 2005 давлат кумисюне барои рафъи ин бидеҳиҳо таъсис дод ва чанд бор муҳлати пардохти қарзҳоро дароз кард, вале ин корҳо муассир науфтод. Соли 2009 пас аз ифшои хилофкории густарда дар Бонки Миллии Тоҷикистон, аз ҷумлаи гузоришҳои дурӯғи ин бонк ба Сандуқи Байнулмилалии Пул, давлат эълом кард, ки ин бидеҳиҳоро “бахшидааст”. Аммо ба рағми тавсияҳои созмонҳои байнулмилалӣ касе аз сабабгорони фасод ҷазо нагирифтанд.

Ширкатҳои фючерсӣ ҳамчунон ба шаклҳои мухталиф ба фаъолиятҳои худ идома медиҳанд. Бо фаъолияти фасодомези ширкатҳои тиҷорати панба метавон дар китоби “Моҷарои рафта” аз Абдулхалил Холиқзода, тоҷир ва нависандаи зиндонӣ, ошно шуд.

“Дипломатияи панбаи Чин”

Бар асоси матлабе, ки Имомназари Каримиён, як масъули Маркази мутолеоти стратегии Тоҷикистон, дар нашрияи расмии “Ҷумҳурият” нивиштааст, аз беш аз 400 ҳазор тонна панбае, ки солона дар кишвар тавлид мешавад, фақат 20 ҳазор тонна ё муодили 15 дарсад дар дохили кишвар бозпардозӣ ва бақия ба унвони маводи хом содир мешавад.

Ин дар ҳолест, ки замони Шӯравӣ корхонаҳои коркарди панба ҳамагӣ 22 адад буда, вале акнун ба 108 адад расидааст. Ин корхонаҳо зоҳиран зарфияти бозпардозии маводи хоми панбаро надоранд. Бино бар ин, бештари панбаи Тоҷикистонро ширкатҳои чинӣ, ки аз соли 2014 вориди ин кишвар шудаанд, харидорӣ ва бозтавлид мекунанд.

Гуфта мешавад, ширкатҳои дохилии Тоҷикистон тавони рақобат ба ширкатҳои чиниро надоранд. Ду сол пеш Донишгоҳи Оксфорд дар ҷусторе зери унвони “Дипломатияи панбаи Чин дар Тоҷикистон” навишта буд, ки ширкатҳои чинӣ барои пешбурди фаъолиятҳои худ дар ин кишвар маҷбуранд аз миёни нухбагони сатҳи боло “криша” ё “тағо” пайдо кунанд.

Давлати Тоҷикистон равобити тиҷории густардае бо Чин дорад. Ин равобит шаффоф нест. Фаъолияти корхонаву ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон ҳам шаффоф нест.

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон баҳори имсол бо як муассисаи байнулмилалӣ ба номи “Панбаи Беҳтар” (Better Cotton) тафоҳумномае барои беҳтар сохтани арсаи тавлиди панба имзо кард. Ин муассиса муддаист, ки ба рушди пойдор ва фарогири панбапарварӣ кумак мекунад, вале ин амр бидуни шаффофият баъид ба назар мерасад.

Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG