Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳибкоре аз Австрия давлати Тоҷикистонро барои пули пахта ба додгоҳ кашид


Як соҳибкор аз Австрия давлати Тоҷикистонро ба додгоҳ кашидааст ва талаб дорад, ки барои риоят накардани як муомилаи дуҷониба аз тарафи "Агроинвестбонк" 20 миллион доллар ҷуброн бипардозад.

Алоис Шонбергер (Alois Schönberger) ба Маркази байналмиллалӣ оид ба ҳалли баҳсҳои сармоягузорӣ дар Вашингтон алайҳи давлати Тоҷикистон шикоят бурдааст. Даъвои Алоис Шонбергер, молики ширкати «Супер Перфект Инвестмент» ба як муомилаи тиҷоратӣ дар соли 2013 бармегардад.

Дар даъвои додгоҳӣ, ки Радиои Озодӣ бо муҳтавояш ошно шуд, омадааст, ки Шонбергер бо ширкати «Левакан- М» дар Тоҷикистон барои хариди 20 ҳазор тонна пахта шартнома бастааст ва кафили ин муомилаи тиҷоратӣ «Агроинвестбонк» интихоб шудааст.

Бар асоси созиш, дар сурати иҷро нашудани қарордод «Агроинвестбонк бояд 11 миллион доллар ҷуброн бипардозад. Дар даъво омадааст, ки соли 2013 «Супер Перфект Инвестмент» ба ширкати тоҷикӣ 5 миллиону 367 ҳазор доллар маблағ интиқол додааст, аммо «Левакан- М» пахтаи ваъдагиро нафиристодааст.

"Агроинвестбонк" чанд сол аст, ба мушкилоти молӣ рӯ ба рӯст.
"Агроинвестбонк" чанд сол аст, ба мушкилоти молӣ рӯ ба рӯст.

Баъди иҷро нашудани қарордод дар муддати як сол, ширкати австриягӣ аз «Агроинвестбонк» талаб кардааст, 11 миллион доллар кафолати иҷрои қарордодро бипардозад, аммо онро ҳам нагирифтааст. Бонкҳо ҳангоми кафили қарордод будан, саҳме аз онро мегиранд, вале дар сурати иҷро нашудан, бояд ҷубронро ба зарардида бипардозанд.

Стивен Саттон, вакили мудофеи Алоис Шонбергер, рӯзи 22-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, азбаски Тоҷикистон амри Додгоҳи ҳакамии Швейтсарияро барои пардохти ҷуброн иҷро накард, онҳо ба маркази байналмилалӣ шикоят бурданд.

Пештар аз ин Додгоҳи ҳакамии Швейтсария баъди баррасии шикояти «Супер Перфект Инвестмент» ҳукм кардааст, ки «Агроинвестбонк» тааҳудоти худро иҷро накард ва барои ҳамин бояд ба ин ширкати австриягӣ бештар аз 19 миллион доллар бипардозад.

Ба гуфтаи Стивен Саттон, ҳукми додгоҳи ҳакамии Швейтсарияро додгоҳҳои Тоҷикистон эътироф накарданд ва маблағ пардохтношуда монд. Саттон гуфт, бо назардошти оне, ки аксарияти саҳмияҳои «Агроинвестбонк» дар дасти давлат қарор дорад, онҳо ба Маркази байналмиллалӣ оид ба ҳалли баҳсҳои сармоягузорӣ шикоят бурданд.

Марказ як додгоҳи байналмиллалии таъсисдодаи Бонки Ҷаҳонӣ аст, ки баҳсҳои сармоягузориро баррасӣ мекунад ва иҷрои амри он барои кишварҳои узви бонк ҳатмӣ аст. Саттон гуфт, бинобар таҳвил надодани пахта ва бознагардонидани пул ширкати зерҳимояаш «фоидаҳои аз дастрафта»-ро ҳисоб карда аз давлати Тоҷикистон беш аз 19 миллион доллар ҷуброн хостааст.​

Аммо “Агроинвестбонк” мегӯяд, ки даъвои ширкати «Супер Перфект Инвестмент» беасос аст, зеро худи ширкат ба хатову тақаллуб роҳ додааст.

Ба гуфтаи бонк ширкати австриягӣ ва «Леваканд-М» чанд дафъа қарордоди хариди пахтаро дигар кардаанд, вале бонкро дар ҷараён нагузоштаанд. Санадҳои кафолате, ки ширкати австриягӣ пешниҳод мекунад, дуруст нестанд ва дар он амдан ба тақаллуб роҳ дода шудааст ва эътибор надоранд.

Ба гуфтаи бонк, санадҳои расмӣ дар бораи кафолати бонкии қарордод пешниҳод шудаанд, замимаҳои зиёде доранд, ки бонк аз онҳо огаҳ карда нашудааст. Баъзе аз санадҳо дар бораи замонати иҷрои қарордод ҳам ба гуфтаи “Агроинвестбонк” фақат тарҳ буда, муқаррароти лозими дохили бонкиро нагузаштаанд ва тасвибшуда ба ҳисоб намераванд.

Ширкати “Леваканд М”, ки дар шаҳри Бохтар сабти ном шудааст, ба Ҳасан Азизов ном фарде тааллуқ дорад. Дар маълумотномаи Кумитаи молиёт омадааст, ки ширкат ба сармоягузорӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ, қабул коркард, истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ машғул аст.

Ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд, бо намояндагони ширкати “Леваканд М” суҳбат кунад.

"Додраси додгоҳи ҳакамии Швейтсария холис набуд"

Вакили мудофеаи соҳибкори австриягӣ аз амалкарди “Агроинвестбонк” ҳамчунин ба унвонии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (EBRD) шикоят бурдаанд. Чун EBRD яке аз cаҳҳомони «Агроинвестбонк» аст. Масъулони бонк шикояти соҳибкорро ба маъмурияти «Агроинвестбонк» равона кардаанд.

Дар як номаи расмӣ ба EBRD бо имзои Муродалӣ Алимардонов, ки дастарси Радиои Озодӣ шуд, гуфта мешавад, ин баҳси иқтисодии ду ширкат аст ва «Агроинвестбонк» ҳеҷ гоҳ худро худро ҷузъи «баҳс намешуморад».

Алимардонов роҳбари «Агроинвестбонк» дар ин нома аз додраси Додгоҳи ҳакамии Швейтсария гилая кардааст, ки пойи бонкро ба ин баҳс кашидааст. «Агроинвестбонк ба ин назар аст, ки ҳукми додгоҳи ҳаками холисона набуда якҷониба содир шудааст», гуфт мешавад дар нома.

Радиои Озодӣ талош кард, ҳамчунин назари Вазорати молияи Тоҷикистонро дар ин робита пурсад, аммо дар вазорат аз ибрози назар худдорӣ карданд. Ҳанӯз маълум нест, ки додхоҳии соҳибкор дар Маркази байналмиллалӣ оид ба ҳалли баҳсҳои сармоягузорӣ дар Вошингтон бо чӣ меанҷомад?

Аммо дар гузашта баҳсҳои додгоҳии ширкатҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ зиёд дида шудааст. Аз ҷумла моҳи июли соли 2018 ширкати туркии "Ланатекс Гида Санай" алайҳи ширкати “Ресандаи Тоҷикистон” ба додситонӣ шикоят бурд. Ширкати туркӣ гуфт, ҳафт моҳ қабл бо ширкати "Ресандаи Тоҷикистон" шартнома баст ва хост бо арзиши 58 ҳазор доллар ришта бихарад.

Аммо ба иддаои ширкати туркӣ, дар ин муддат як ришта ҳам ба Туркия ирсол нашуд. Пас аз шикояти ширкат ба додситонӣ Баҳром Маҳмадҷонов роҳбари онро боздошт ва пас аз як моҳ бо ваъдаи иҷрои уҳдадорӣ озод карданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available
Идома
XS
SM
MD
LG