Пайвандҳои дастрасӣ

Муфаттишони зидди фасод Алимардоновро бозпурсӣ кардаанд. ВИДЕО


Муродалӣ Алимардонов, раиси "Агроинвестбонк"

Мақомоти Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки Муродалӣ Алимардонов, раиси "Агроинвестбонк", бозпурсӣ шудааст.

Як дафъа дар робита ба пули қарз ҳамчун шоҳид мавриди бозпурсӣ қарор гирифт. Аз ягон дағалӣ ва ё дуруштии кормандони шикоят накардааст.

“Агроинвестбонк” тақрибан чаҳор сол боз бо бӯҳрон рӯбарӯст ва наметавонад беш аз 730 миллион сомонӣ амонати мардумро баргардонад.

Қутбиддин Сафарзода, сардори Раёсати тафтишоти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, рӯзи 12-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, Муродалӣ Алимардонов як дафъа ҳамчун шоҳид бозпурсӣ шуд. “Алимардоновро дар доираи қарзҳои "Агроинвестбонк" мавриди бозпурсӣ қарор доданд”, - афзуд ӯ.

Гузориши видеоиро дар инҷо бубинед:

Бозпурсии Муродалӣ Алимардонов дар Оҷонсии зидди фасод
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:08 0:00

"Ба онҳо як саги немисӣ ва як либоси немисии CC намерасад"

Хабари бозпурсии Муродалӣ Алимардонов соли гузашта сарусадои зиёдеро дар расонаҳо ба миён оварда буд. Бахусус, баъди он ки Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, аз муносибати, ба гуфтаи ӯ, дағали мақомоти тафтишотӣ нисбат ба Муродалӣ Алимардонов нигаронӣ кард.

Саидҷаъфар Усмонзода
Саидҷаъфар Усмонзода

Усмонзода моҳи июни соли 2018 дар ҷаласаи порлумони Тоҷикистон гуфт, “понздаҳ рӯз пеш бо дархости интихобкунандагон вориди "Агроинвестбонк" гардидам. Шоҳиди муносибати нодурусти кормандони мақомот шудам. Бисёр узр мехоҳам, ба онҳо як саги немисӣ ва як либоси немисии CC намерасад".

Аммо кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯянд, дар вақти бозпурсии Муродалӣ Алимардонов нисбат ба ӯ “дағалӣ нашудааст.”. Қутбиддин Сафарзода гуфт, "вобаста ба дағалӣ ё дуруштии кормандони мо аз ҷониби худи ӯ ягон муроҷиат нашудааст.”

Саидҷаъфар Исмонзода рӯзи 12-уми феврал дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, интиқоди ӯ аз рафтори бад нисбати Алимардонов "вазъро тағйир дод". Ба таъкиди ҷаноби Исмонзода, имрӯз муносибати кормандони ниҳодҳои қудратӣ хубтар аст. Бо ин ҳама ин вакили порлумон гуфт, ҳарфаш “аз қади кӯча” набуд ва худи ӯ шоҳиди чунин рафтор шудааст.

Талошҳои мо барои суҳбат бо худи Муродалӣ Алимардонов бенатиҷа буд. Тибқи иттилои дарёфтӣ ӯ феълан бо як сафари корӣ дар шаҳри Маскави Русия аст. Алимардонов дар гузашта ҳам дар робита бо ин қазия ва ҳам мушкилоти бонки зери назараш сӯҳбат накардааст.

Чаро камнамост?

Муродалӣ Алимардонов соли 2015, дар оғози бӯҳрони бонкӣ, раиси “Агроинвесбонк” таъйин шуд ва беш аз як сол боз "камнамо аст". Манобеъ мегӯянд, Муродалӣ Алимардонов дар маҷлиси имсолаи ҳукумат низ иштирок надошт.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллӣ, ҳафтаи гузашта дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ, ки ҳоло Муродалӣ Алимардонов дар куҷост, гуфт, "ӯ дар Тоҷикистон аст ва фаъолият дорад".

Нурмуҳаммадзода афзуд, дар бораи Муродалӣ Алимардонов қазоват намекунад, аммо ба қавли ӯ, “бонки зери роҳбарии Алимардон натавонист, пули мардумро саривақт баргардонад”. Раиси Бонки Миллӣ афзуд, "Агроинвестбонк" инчунин натавонист, барои берун шудан аз вазъи буҳронӣ сармоя ҷалб намояд.

Феълан "Агроинвестбонк" аз 34 ҳазор муштарӣ беш аз 730 миллион сомонӣ қарздор аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available
Идома
XS
SM
MD
LG