Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро деҳқонони тоҷик аз пахта дил намекананд? САДО


Ёвон дар ҷануби Тоҷикистон яке аз маъруфтарин ноҳияҳои пунбапарвари кишвар аст.
Ёвон дар ҷануби Тоҷикистон яке аз маъруфтарин ноҳияҳои пунбапарвари кишвар аст.

Иноятулло Иноятов, деҳқоне аз ноҳияи Мастчоҳ, имсол дар 8 гектар замин пахта парвариш дорад, ки дар муқоиса ба соли гузашта як гектар зиёд аст. Ба қавли ӯ, парвариши меваю сабзавот ба риски бештар ҳамроҳ аст ва аз ин рӯ деҳқонон ҳадди ақал ба ними замини худ пахта мекоранд: "Зироати беофат ҳамин пахта баромад. Ҳосили сабзавоту меваҳои заминӣ, масалан - помидору харбузаро соли гузашта ҳашарот бисёр нобуд кард."

Ба иттиллои идораи кишоварзии Суғд, соли 2016 як тонна нахи пахтаи деҳқонони суғдиро харидорон ба ҳудуди 1 ҳазор доллар мехариданд, аммо тирамоҳи соли гузашта нарх рӯ ба боло овард. Ҳоло 1 тонна нахи пахта 1600 – 1800 доллар арзиш дорад.

Вуҷуди бозори собити фурӯши пахта деҳқононро ба парвариши он водор мекунад. Содирот ва бозоргир будани пахта ҳукумат ва тоҷирони ба ҳукумат наздикро ба тиҷорати пахта дилгарм медорад.

Ноҳияи Ёвон
Ноҳияи Ёвон

Онҳо аз харид ва содироти пахта фоида мебинанд. Барои ҳамин деҳқонон бо ташвиқи мақомот ба таври “ихтиёрӣ – маҷбурӣ” беҳтарин қисматҳои заминҳои обии минтақаро ба парвариши пахта ихтисос додаанд. Вале барои дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон чунин бозори умдафурӯшӣ ва содирот вуҷуд надорад.

Бобоҷон Домуллоев, муовини раҳбари раёсати кишоварзии Суғд мегӯяд: “Деҳқонон дар кишти зироат озоданд ва харбузаву тарбуз, гандуму нахӯд низ кишт мекунанд. Вале мегӯянд, ки барои бозор баровардану фурӯш душворӣ кашиданд. Вале пахта харидори доимӣ дорад, корхонаи пахтатозакунӣ пахтаро кай хостед, қабул мекунад.”

Ба гуфтаи ӯ, имсол дар вилояти Суғд дар ҳудуди 50 ҳазор гектар заминҳои беҳтарини обӣ пахта кишт кардаанд, ки назар ба соли гузашта 4 ҳазор гектар зиёд аст. Аз ин заминҳо ба даст овардани 100 ҳазор тонна пахта пешбинӣ шудааст.

Кори "камаршикани" пахтачинӣ асосан бар ӯҳдаи занҳост.
Кори "камаршикани" пахтачинӣ асосан бар ӯҳдаи занҳост.

Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2012 ба коҳиши кишти пахта ва ба сабзавоткориву боғдорӣ ихтисос додани он талош дорад. Қарор буд, то соли 2020 заминҳои пахтаро то 150 ҳазор гектар кам кунанд ва ҷои онҳоро сабзавоту дарахтони мева бигирад.

Ба як кишвари “худкифо” табдил додани Тоҷикистон ва таъмини сокинон бо сабзавоту меваи арзону хушсифати худӣ як ҳадафи аслии ин барнома унвон мешуд. Тибқи ин барнома аз соли 2013 то соли 2015 заминҳои пахтаи Тоҷикистон аз 200 ҳазор гектар то 180 ҳазор гектар пахта кам карда шуд.

Чаро деҳқонон аз пахта дил намекананд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:06 0:00
Линки мустақим

Вале имсол қиматшавии нахи пахта дар шароити бӯҳрони молӣ боз ҳам барномаи барҳам задани якказироатии пахтаро дар кишвар ақиб андохтааст. Тоҷикистон ҳар сол ҳудуди як миллион тонна ғалладона ҷамъ меоварад, ки эҳтиёҷоти кишварро қонеъ намекунад ва беш аз 600 ҳазор тонна гандум ва ғалладонаро аз Русияву Қазоқистон ворид мекунад.

XS
SM
MD
LG