Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия иншооти иҷтимоиро дар Украина нишон гирифтааст


Херсон, Украина
Херсон, Украина

Мақомоти Украина гуфтанд, ки Русия дар 24 соати гузашта бо дрону тӯпхона иншооти муҳими иҷтимоиро дар ҷануби ин кишвар нишон гирифтааст.

Александр Прокудин, волии Херсон, рӯзи 3-юми октябр дар Телеграм навишт, бар асари ҳамлаҳои Русия “ду кас кушта ва ҳафт нафари дигар захмӣ шуданд”.

Ба қавли Прокудин, “артиши Русия минтақаҳои аҳолинишин, мактабу ибодатгоҳ, созмонҳои имдодӣ, марказҳои савдо ва зербунёдҳоро дар Херсон ҳадаф қарор додааст”.

Нерӯҳои дифои ҳавоии Украина рӯзи 3-юми октябр гуфт, Русия ба Миколаев ва Днепропетровск низ бо дронҳои эронӣ ҳамла кард.

“Аз 31 паҳпод 29-тои он маҳв ва як мушаки болдори Русия вайрон карда шуд,” – афзуд манбаъ.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG