Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барқи Тоҷик" маҳдудияти барқро тасдиқ кард


Масъулони ширкати "Барқи Тоҷик" бо пахши изҳороте қатъи нерӯи барқро дар минтақаҳои кишвар тасдиқ карда, онро "аз рӯйи зарурат" номиданд.

Даҳҳо корбари Радиои Озодӣ аз гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон хабар доданд, ки ин шабу рӯз чанд соат аз барқ маҳруманд. Баъзе аз сокинон хавф доштанд, ки маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ имсол пеш аз муҳлат ҷорӣ шудааст. Иддае онро фишори мақомот барои ҷалби ҷавонон ба артиш медонанд.

Дар изҳороти "Барқи Тоҷик", ки 28-уми сентябр пахш шуд, омадааст, обанбори Норак "то нуқтаи ниҳоӣ аз об пур карда шудааст, "вале ҳаҷми воқеии резиши об дар муқоиса ба соли гузашта ва ҳисоби миёнаи бисёрсола кам аст"

"Барқи Тоҷик" мисли солҳои гузашта, таъмири сим ва зеристгоҳҳоро аз сабабҳои дигари қатъи барқ дар кишвар гуфтааст. Мақомот мегӯянд, ин кор барои таъмини сокинон бо барқ дар фасли зимистон зарур аст. Мақомот нагуфтаанд, ки маҳдудияти интиқоли барқ то кай давом хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG