Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон рафт


Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ

Президент Эмомалӣ Раҳмон субҳи 28-уми сентябр ба Олмон рафтааст. Дафтари матбуоти раиси ҷумҳур навишт, ҳадаф аз сафари оқои Раҳмон ширкат дар вохӯрии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ-Олмон аст.

Қаблан сомонаи президенти Олмон навишт, дидори Франк Волтер Штейнмайер бо роҳбарони Тоҷикистону Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон субҳи 29-уми сентябр дар қароргоҳи президенти Олмон баргузор мешавад. Мавзӯи вохӯрӣ маълум нест.

Дар остонаи сафари Эмомалӣ Раҳмон, ду созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳамоиши эътирозӣ баргузор хоҳанд кард. "Гуруҳи 24" гуфтааст, дар назди сафорати Тоҷикистон дар Берлин тазоҳурот баргузор хоҳад кард. Паймони миллӣ, эътилофи чор созмони мухолиф, гуфтааст, ба дархости ҳамоҳангшуда бо мухолифони сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз қасри раёсати ҷумҳури Олмон посухи мусбат гирифтанд.

Мухолифони сиёсии ҳукуматҳои Узбекистон ва Туркманистон низ гуфтаанд, дар баробари дидори президентҳои Осиёи Марказӣ дар Олмон тазоҳурот барпо хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG