Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин гурезаҳои Қаробоғ вориди Арманистон шуданд


Нахустин гуруҳи гурезаҳои арманитабори Қаробоғи Куҳӣ, ки мехостанд минтақаро тарк кунанд, рӯзи якшанбе вориди Арманистон шуданд.

Бахши армании Радиои Озодӣ хабар дод, ки гурезаҳоро дар деҳаи Корнидзори вилояти Сюник, дар ҷануби Арманистон ҷойгир кардаанд.

Мошинҳои ёрии таъҷилӣ ҳамроҳи Салиби Сурх ҳамчунин аз Қаробоғи Куҳӣ 23 захмиро ба Арманистон бурдаанд.

Никол Пашинян рӯзи якшанбе изҳор дошт, ки Арманистон омода аст сокинони армании Қаробоғро бипазирад.

Ҳафтаи гузашта дар натиҷаи як амалиёти низомии Озарбойҷон мақомоти армании ҷумҳурии худхондаи Қаробоғи Кӯҳӣ, ки беш аз 30 сол боз вуҷуд дошт, ба Боку таслим шуданд.

Интизор меравад, тамоми қаламрави ин минтақа зери назорати Озарбойҷон гузарад. Дар ҳоли ҳозир музокирот дар бораи тарзҳои мутобиқ гардондани ҷомеаи арманиҳои Қаробоғи Кӯҳӣ дар ҳудуди Озарбойҷон идома дорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG