Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон ба Украина 400 миллион еврои дигар ёрӣ мекунад


Киев дар доираи ин бастаҳо тонкҳои "Gepard", низомҳои зиддиҳавоии "IRIS-T"-у "200" ва мошини зиреҳпӯши "MRAP" барои мубориза дар майдонҳои мингузоришуда дарёфт мекунад. Кумаки мазкур ламозимоти дигари ҷангӣ, аз ҷумла мушакҳои хурди "AT-2"-ро дар бар хоҳад гирифт.

Ҳамчунин ба Украина таҷҳизоти зимистона, маҷмуи қисмҳои эҳтиётии низомҳои аллакай дарёфтшуда, мошинҳо ва 50 бесарнишини рӯизаминӣ интиқол дода мешавад.

Мақомоти Олмон гуфтаанд, дар баробари ин, омӯзиши низомиёни Украинаро идома хоҳанд дод. "Интизор меравад, то охири сол дар умум 10 ҳазор низомии украинӣ омӯзиш бигирад", - омадааст дар иттилоияи Вазорати дифои Олмон.

Дар ҳоли ҳозир Олмон дар ҷаҳон аз нигоҳи ҳаҷми кумакҳо ба Украина мақоми дувум ва дар Аврупо якумро касб мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG