Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон ба даҳҳо мард аз Русия санади паноҳандагӣ додааст


Берлин
Берлин

Вазорати корҳои дохилии Олмон рӯзи 23-юми сентябр гуфт, тақрибан 90 мард аз Русия дар ин кишвари аврупоӣ мақоми паноҳандагӣ гирифтанд, то аз хидмат дар артиши кишвари худ халос шаванд.

Вазорати корҳои дохилии Олмон рӯзи 23-юми сентябр гуфт, тақрибан 90 мард аз Русия дар ин кишвари аврупоӣ мақоми паноҳандагӣ гирифтанд, то аз хидмат дар артиши кишвари худ халос шаванд.

Русия беш аз як сол боз дар Украина ҷанги бедалел пеш мебарад ва ҳамвора мардонро ба артиш ва майдони ҷанг мефиристад.

Ба қавли мансабдорони олмонӣ, дар ин муддат тақрибан ҳудуди 3500 мард аз Русия барои гирифтани паноҳандагӣ муроҷиат карданд.

То ин дам дар маҷмуъ 1500 дархост ё қабул ва ё рад карда шудааст.

Додгоҳҳои Олмон қарорро дар бораи мақоми паноҳандагии талабгорон танҳо бар асоси худдорияшон аз хидмат дар артиши Русия намегиранд. Онҳо ҳамчунин дар назар мегиранд, ки ин афрод воқеан бо табъиз рӯбарӯ ҳастанд ё не.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG