Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Некрӯз Ниёзовро дар ноҳияи Шуғнон дафн карданд


Маросими видоъ бо Некрӯз Ниёзов
Маросими видоъ бо Некрӯз Ниёзов

Некрӯз Ниёзов, овозхони ҷавони тоҷикро дар зодгоҳаш деҳаи Возми ноҳияи Шуғнон ба хок супориданд. Ниёзов шаби 21-уми сентябр дар садамае дар наздикии тарабхонаи "Боми Ҷаҳон"-и Душанбе ҳалок шуд. Ронандаи мошине, ки овозхони ҷавонро пахш кард, писари ректори Донишгоҳи славянӣ будааст.

Чанд сокини деҳаи Возми ҷамоати Поршнев ба Радиои Озодӣ гуфтанд, маросими видоъ бо Некрӯз Ниёзов баъд аз зуҳри 23-юми сентябр баргузор шуд.

Дар наворҳое, ки ба Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, ки мардуми зиёде барои видоъ бо овозхони ҷавон ҷамъ шудаанд.

"Некрӯзро бо русуми мардуми Бадахшон ва бо сурудани фалаки мотамӣ ба хок супориданд,"-гуфт як ҳамсуҳбати мо дар деҳаи Возм.

Машраб Файзулло, ректори Донишгоҳи славянӣ ва писараш Комёб Файзулло
Машраб Файзулло, ректори Донишгоҳи славянӣ ва писараш Комёб Файзулло

Тибқи иттилои расмӣ, шаби 21 ба 22-юми сентябр ду мошини "Lexus RX350" соати 22:30 бо ҳам бархӯрда, баъдан Некрӯз Ниёзовро, ки дар канори роҳ меистод, пахш карданд. Яке аз ронандагон Комёб Файзулло 18 ва дигарӣ Оятулло Аҳтамзода 19-сола будаанд. Комёб Файзулло писари Файзулло Машраб Қурбоналӣ, ректори Донишгоҳи славянӣ аст.

Пахши ин хабар вокунишҳои зиёди корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба миён овард. Бисёриҳо пурсиданд, ҷавони 18-сола аз куҷо соҳиби нақлиёти гаронарзиши "Lexus RX350" шудааст? Бархеҳо бо ишора ба қазияи фарзандони чанд мансабдори дигар пурсиданд, оё писари ректори Донишгоҳи славянӣ муҷозот мешавад? Мақомот ба ҷуз аз нашри хабари расмӣ ва зикри инки таҳқиқи ҳодиса идома дорад, дар ин бора дигар чизе нагуфтаанд.

XS
SM
MD
LG