Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алиев барои куштори сарбозони рус аз Путин бахшиш пурсид


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев барои куштори нерӯҳои посдори сулҳи Русия дар Қарабоғи Кӯҳӣ, аз Владимир Путин узр пурсидааст. Дар ин бора Кремл ва ҳам хабаргузории давлатии Озарбойҷон хабар доданд. Алиев дар суҳбат бо Путин, барои кумак ба хонаводаи кушташудаҳо изҳори омодагӣ кардааст. 

Ба иттилои Вазорати мудофиаи Русия, 20-уми сентябр ба низомиёни рус дар ноҳияи аҳолинишиниҶанятаг (Ҷанкатах)-и Қарабоғи куҳӣ ҳамла шуд. Ба гуфтаи манбаъ, мошини низомиёни рус вақте аз посгоҳи назоратӣ бармегашт, тирборон шуд ва ҳамаи низомиёни дохили он кушта шуданд.

Феълан дақиқ нест, ба неруҳои Русия кӣ оташ кушодааст. Муфаттишони Русия ва Озарбойҷон қазияро таҳқиқ доранд.

Гурӯҳе аз низомиёни рус гуфтанд, ки корвони мошинҳои онҳо ҳангоми кӯчонидани мардуми маҳаллӣ тирборон шуданд. Ба иддаои як ҳамшираи шафқат, ки бо бахши армании Радиои Озодӣ сӯҳбат кардааст, низомиёни рус аз сӯйи сарбозони Озарбойҷон тирборон шудаанд. Боку ин иддаоро рад мекунад.

Бар асоси тавофуқи соли 2020, нерӯҳои посдори сулҳи Русия дар Қарабоғи Куҳӣ ҷой дода шуданд.

XS
SM
MD
LG