Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Эрон гуфтанд, як шаҳрванди Тоҷикистонро ба қатл маҳкум карданд


Раҳматулло Наврӯзов дар додгоҳ
Раҳматулло Наврӯзов дар додгоҳ

Мақомоти Эрон Раҳматулло Наврӯзовро, ки аз ӯ "шаҳрванди Тоҷикистон" ном мебаранд, ба эъдом ё қатл маҳкум карданд.

Хабаргузории "Мизон" аз қавли Козим Мусавӣ, масъули Додситонии вилояти Форс навишт, ки Наврӯзов ба ҳамлаи мусаллаҳона ба зиёратгоҳи Шоҳчароғи шаҳри Шероз гунаҳкор шуд. Ҳодиса моҳи августи имсол рӯй дода буд.

Козим Мусавӣ рӯзи 21-уми сентябр гуфтааст, Раҳматулло Наврӯзов, машҳур ба лақаби "Мустафо Исломёр", "ба ду бор эъдом маҳкум гардид".

Ба гуфтаи масъули Додситонии вилояти Форс, муттаҳам “ба узвият ва ҳамкорӣ бо гуруҳи ДОИШ иқрор шудааст.” Тасдиқи дурустии хабар феълан имкон надорад.

Наздикони Раҳматулло Наврӯзов ва мақомоти Тоҷикистон дар ин бора суҳбат накардаанд.

Козим Мусавӣ гуфтааст, чанд нафари дигар дар робита ба ин ҳодиса ба панҷ сол ҳабс маҳкум шуданд. Онҳо шахсоне будаанд, ки ба гуфтаи мсъули Додситонии вилояти Форс, “аз нияти омили аслии ҳамла хабар надоштанд.”

Рӯзи 13-уми августи имсол шахсони мусаллаҳ ба зиёратгоҳи шиаён дар Шероз ҳамла карданд. Дар ин ҳодиса ба гуфтаи мақомоти эронӣ ду нафар кушта ва 7 кас маҷруҳ шуд.

Бори аввал нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳамла ба зиёратгоҳи Шоҳчароғ муттаҳам мешаванд. Соли 2022 Комрони Субҳон, сокини 23-солаи шаҳри Ҳисор, ба ҳуҷум ва куштани 15 нафар дар ин зиёратгоҳи шиаён муттаҳам шуд. Мақомоти эронӣ гуфтанд, ӯ дар задухӯрд захмӣ гашту дертар ҷон дод.

Хабаргузории нимарасмии "Тасним", наздик ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, пас аз ҳамлаи моҳи октябр ба "Шоҳчароғ"-и Шероз як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистонро омили асосӣ ва як шаҳрванди Озарбойҷон ҳамоҳангкунандаи ҳамла дониста буд.

Бар пояи маълумоти дарҷшуда дар як шиноснома, ки хабаргузории "Тасним"он замон нашр кард, Комрони Субҳон шаҳрванди Тоҷикистон ва зодаи соли 1999 буд. Шиноснома дар рӯзи 8-уми сентябри соли 2017 аз тарафи Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ҳисор дода шудааст.

Хабаргузории "Тасним" шаҳрванди Тоҷикистонро як узви гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ё ДОИШ ном бурда буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG