Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳпаймоии Дилшод Назаров бо машъали Бозиҳои XIX осиёӣ


Дилшод Назаров соли 2016 қаҳрамони олимпӣ шуда буд
Дилшод Назаров соли 2016 қаҳрамони олимпӣ шуда буд

Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, дар эстафетаи  машъали Бозиҳои XIX осиёӣ, ки имрӯз, 20-уми сентябр, дар шаҳри Ҳангжоуи Чин баргузор шуд, иштирок кард.

Эстафетаи машъали бозиҳо 8-уми сентябр дар кӯли Сихуи шаҳри Ҳангжоуи музофоти Чжэтсзян оғоз шуда буд. Нахустин шуда машъалро шиновар аз Чин, қаҳрамони олимпӣ Ло Сюэтсзюан ба даст гирифт.

Эстафетаи машъали Бозиҳои тобистона, ки дар 11 шаҳри музофоти Чжэтсзян доир шуд, рӯзи 20-уми сентябр ба шаҳри Хангжоу баргашт.

Дар ин рӯз дар қатори дигарон қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016, дорандаи се медали тилло ва як нуқраи Бозиҳои осиёӣ дар риштаи гурзандозӣ Дилшод Назаров, ки феълан ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мебошад, бо машъали бозиҳо масофаи муайяншударо тай намуд.

Дар Бозиҳои XIX осиёӣ ки аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр дар Ҳангжоуи Чин баргузор мешавад, варзишгарони 45 кишвари қораи Осиё ширкат варзида, аз рӯи 40 намуд, ки 61 навъи рақобатҳоро дарбар мегирад, барои 481 маҷмуи медалҳо мубориза мебаранд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар Бозиҳои XIX тобистонаи осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин беш аз 100 варзишгари тоҷик дар 19 ришта - бокс, варзиши сабук, ҷудо, куштии озод ва юнонию румӣ, кураш, вазнабардорӣ, волейболи соҳилӣ, шиноварӣ, камонварӣ, қайиқронӣ, тирандозӣ, таэквондо, каратэ-до, кураш, ҷиу-ҷитсу, ушу, рақси варзишӣ ва бозиҳои компютерӣ – ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Темур Раҳимов, паҳлавони маъруфи тоҷик дар риштаи ҷудо, дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XIX осиёӣ парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Ба варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои XIX осиёӣ дар Ҳангжоу нишони тилло мегиранд, ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба маблағи 150 000 сомонӣ, барандагони нишони нуқра 100 000 сомонӣ ва соҳибони нишони биринҷӣ 50 000 сомонӣ супурда мешавад.

Инчунин бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба онҳое, ки дар ин бозиҳо барандагони медали тилло мешаванд, манзили сеҳуҷра, медали нуқра дуҳуҷра ва медали биринҷӣ якҳуҷр тақдим мегардад.

Бояд тазаккур дод, Бозиҳои тобистонаи осиёӣ шурӯъ аз соли 1951 дар ҳар чаҳор сол таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешаванд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо ширкат варзида, то ин дам 27 медал ба даст овардааст, ки 4-тоаш нишони тилло, 6-тоаш нуқра ва 17-тоаш биринҷӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG